Мавлоно Шарафуддин Ҳасан ибни Муҳаммад Ромии Табрезӣ (форсӣ: شرف‌الدین حسن بن محمد رامی تبریزی[1]; ? — 1392, Табрез) — шоир, нависанда, адабиётшинос ва яке аз шогирдони Насируддини Тӯсӣ.

Ромии Табрезӣ
Таърихи даргузашт: 1392
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар ҷавонӣ бо Насируддини Тӯсӣ вохӯрда, муддате дар хидматаш буда ва аз илму дониши ӯ баҳравар гаштааст.

Муҳимтарин таълифоти Ромии Табрезӣ (ба ғайр аз анвой мухталифи шеър) ду асари адабиётшиносӣ бо номи «Анису-л-ушшоқ» ва « Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ» мебошад. Дар «Анису-л-ушшоқ» Ромии Табрезӣ андар ташбеҳоти шоирони форс-тоҷик баҳс кардааст. «Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ» шарҳест ба «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқи-ш-шеър»-и Рашиди Ватвот. Дар китоби мазкур, ки аз 50 боб иборат аст, аз санъатҳои бадеии шеър сухан меравад[2].

  1. رامی تبریزی | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 9 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. Ромии Табрезӣ / М. Диловаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).