Рош
Рош[2], олаш, бук (лот. Fágus) — сардае аз рошиёни хазондор бо гулҳои такҷинсӣ ва гулозини думгурбаӣ.
Рош | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Fagus L., 1753 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||||
Виды | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишБаландиаш то 50 метр, диаметри танааш 2 метр. Баргаш сода, одатан бедандона аст. Баробари баргбарорӣ гул мекунад. Аз 20—40-солагӣ мева медиҳад. Мевааш ҷал0ӯзамонанд (финдиқ) аст, пӯчоқи сахт дорад.
Олаш дарахти соя ва гармипарвар аст. Дар кӯҳсор то баландии 2300 метр аз соҳили баҳр мерӯяд. Олаш бешазори якҷинса ва омехтаро ҳосил мекунад, ки бештар аз 400 сол вуҷуд дошта метавонанд.
Корбурд
вироишЧӯби олаш мустаҳкам, вазнин буда, ба обу нами тобовар аст ва онро барои тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ, фанер, паркет, мебел, метанол ва ғайра истифода мебаранд. Мевааш алкалоиди заҳрноки фагин дорад; хангоми бирён кардани мева алкалоиди заҳрнок зуд вайрон мешавад. Аз меваи олаш равғани хӯрокӣ ва техникӣ мегиранд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Маълумот дар бораи ҷинси Fagus дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
- ↑ Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Рош чист? Маънии рош(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 7 феврали 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Олаш // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
- Деревья и кустарники СССР, том 2. Москва—Ленинград, 1961.