Роҳату-с-судур
«Роҳату-с-судур ва ояту-с-сурур» (форсӣ: راحة الصدور و آیة السرور) — асари таърихии Наҷмуддин Муҳаммади Ровандӣ, ки соли 1221 таълиф шудааст. «Роҳату-с-судур ва ояту-с-сурур» ба шарҳи воқеъаҳо ва таърихи салтанати хонадони салҷуқӣ (аз ибтидои барқароршавии сулолаи Салҷуқиён то инқирози он) бахшида шудааст.
Мавзӯъи аслӣ | Салҷуқиён |
---|---|
Нависанда | Наҷмуддини Ровандӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Муаллиф зимни баёни воқеъаҳои таърихӣ аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мисолҳо оварда, дар охири асар вазъи сиёсии баъзе шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросонро баъди истилои Хоразмшоҳиён баён намудааст. «Роҳату-с-судур ва ояту-с-сурур» дар Лондон (1921), Исфаҳон (1964) чоп ва ба забони туркӣ (1960), руси (1939) тарҷума шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).