Рустами Қосим (21 марти 1969, деҳаи Саричашма, ноҳияи Шурообод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 26 январи 1995, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Рустами Қосим
Рустами Қосим ҳангоми сурудхонӣ, соли 1993
Рустами Қосим ҳангоми сурудхонӣ, соли 1993
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 март 1969(1969-03-21)
Зодгоҳ деҳаи Саричашма, ноҳияи Шурообод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 26 январ 1995(1995-01-26) (25 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 1986-1995
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо Джаз
rustami-kosim.tj

Зиндагинома

вироиш

Рустами Қосим 21 марти соли 1969 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шурообод ба дунё омадааст. Рустами Қосим фарзанди аввалин ва писари ягона дар хонадони муаллими фанни мусиқӣ Маҳрам Болтаев ва корманди театр Рузигул Қосимова буд ва ӯ 6 хоҳар дошт. Падару модари ҳунармандаш меҳри ҳунарро дар дили Рустам бедор намудаанд. Аз овони кӯдакӣ ба сурудхонӣ шуғли беандоза дошт ҳамин буд, ки халқ аз меҳри бепоён уро Рустамча мегуфтанд. Модараш ба ӯ аввал дуторнавозиро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро ба ӯ меомухт.

Ӯ хониши ибтидоиро дар мактаби ба номи Ленини ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз намудааст, баъдан аз синфи 6-ум инҷониб, яъне то хатми мактаб дар МТМУ № 8-и шаҳри Кӯлоб таҳсил карда онро соли 1986 хатм намудааст. Соли 1988 хидмати низомиро дар ҶШС Эстония анҷом дод.

Рустами Қосим баъди хатми мактаб бо Зулфия Холматова (модари Шаҳноза, Фируза ва Дилноза) хонадор шуда, ҳамон сол ба хидмати ҳарбӣ рафт. Рустам аз издивоҷи дувум духтаре ба исми Нишона дорад.

Даргузашт

вироиш

Рустами Қосим 26 январи соли 1995 дар маҳаллаи 9 километри шаҳри Душанбе дар ҷойгаҳи хобаш ба қатл расонида ва наздиконаш ҷасадашро дар зодгоҳаш ба хок супурданд. Бо вуҷуди ривоятҳои зиёд сабаби маргаш ва аз ҷониби кӣ кушта шуданаш то ҳол равшану маълум нест.

Пайвандҳо

вироиш