Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

(Тағйири масир аз Ноҳияи Шурообод)
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Ноҳияи Шӯрообод дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Хатлон
Марказ: Шӯрообод
Замони таъсис : 16 марти 1938
Раиси ноҳия: Зафар Гулзода
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 2380 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 57 700 кас[1]
Зичии аҳолӣ (2016) : 22,3 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : SB
ISO-намоя[2] : TJ.KL.SB
Пешшумора : +992 3319
Нишонии почта : 735180
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03TJ

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (форсӣ: شمس الدین شاهین‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ № 204 аз 3 марти 2016 Ноҳияи Шӯроободб ба номи Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд.[3]. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод (форсӣ: شور آباد‎) аст, ки дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад. Аз Шӯрообод то Душанбе... км роҳ аст.

Пули дусти миёни Тоҷикистону Афғонистон, дар минтиқаи Шаҳристони Хвоҳон, ва Шамсиддин Шоҳин,پل دوستی میان افغانستان و تاجیکستان, در منتقه ی شهرستان خواهان و شمس الدین شاهین

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сарзамине 2380 км² дар баландии 2-2,5 ҳазор метр аз сатҳи дарё дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Дарвоз ва Муъминобод, дар ғарб — бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб — бо ноҳияи Ҳамадонӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя ва дар шарқ— бо рӯди Панҷ ва Ноҳияи Хвоҳон, Ноҳияи Роғистон ва Шаҳри Бузург аз бахшҳои Вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Таърих

вироиш

Сарзамини кунунии Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буда ва то замони шӯравӣ Терай ё Терайзамин хонда мешуд. Бархе номпажӯҳон маънии ин ҷойномро «сарзамини бодхез ва шамолӣ» донистаанд. Устод Зафар Мирзоён маънии ҷойномро «гузаргоҳ» пешниҳод карда бо ин эҳтимол ки «шояд ин макон гузаргоҳи мардуми водии Кӯлоб аз ин соҳили Ому ва мардуми Чоҳобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст»[4]. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Терайзамин бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.

Ноҳияи Шӯрообод 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт[5] ва 2 декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон шуд[6].

Аз ёдгориҳои торихии ин сарзамин мазори Ҳазрати Имом Аскар, Оромгоҳи Махсуми Мулло Бодурҷон, оромгоҳи Шайх Муҳаммадамони Валӣ аст.

Мардум

вироиш

Мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 51 ҳазору 300 тан (2016) ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 22,3 кас дар км² буд[7].

Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ мекунанд. Дармонбахшии асали Шӯрообод дар саросари Тоҷикистон шинохташуда аст.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
56,6 57,7

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат[8] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин[9]
Ҷамоат Аҳолӣ
Шӯрообод 8 099
Дашти Ҷум 3 551
Доғистон 4 818
Нуриддин Маҳмудов 5 029
Лангардара 3 311
Сари чашма 9 339
Чагам 4 546

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Иқтисодиёт

вироиш
 
نمای از شمس الدین شاهین, Акс аз шаҳри Шӯрообод

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарзамине сероб аст. Ҳамакнун дар ин ноҳия чандин барномаи иқтисодӣ ба баҳрабардорӣ расидааст, аз он ҷумла: сохтмони корхонаи консервсозӣ, идораи фурӯши барқ, якчанд мактабхона, хонаҳо барои зиёндидагон аз офатҳои табиӣ, лӯлакашии об барои деҳаҳои Себдара, Хайркорон, Навообод, Девдара, бунёди тарабхона ва бемористон дар маркази ноҳия ва чандин дармонгоҳ дар деҳаҳои дуру наздик, бунёди чандин фурӯшгоҳ, пул, роҳҳо ва дигар созаҳои хурду калон бо сармояи коркушоёни бумӣ, аз он ҷумла сохтмони масҷиди бузург дар маркази ноҳия ва ҳамчунин сохтмони бузургроҳи Шӯрообод ба Қалъаи Хумб ва меҳмонхонаи калон дар маркази ноҳия бо сармояи кишварӣ.

Маориф ва фарҳанг

вироиш

Ин ноҳия 54 мактаб дорад.

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Raions of Tajikistan
  3. Переименование 10 городов и районов, а также Кайраккумского водохранилища
  4. turanica Торнигори Умед Ҷайҳонӣ
  5. Кулябский район. 14 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
  6. СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ. 14 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
  7. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шумораи ањолии доимии шањрњо, шањракњо ва ноњияњои Љумњурии Тољикистон]
  8. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
  9. нусхаи бойгонӣ. 14 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2011.