Рустамхоҷа Раҳимов
Рустамхоҷа Раҳимов (олмонӣ: Rustamhodscha Rachimow; тав. 16 феврали 1975, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — муштзани тоҷики муқими Олмон, медаловари Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамонии Аврупо.
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | муштзанӣ |
Зодрӯз | 16 феврал 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ | |
Қад | 169 сантиметр[1] |
Вазн | 54 кг[1] |
Зиндагинома
вироишРустамхоҷа Раҳимов 16 феврали соли 1975 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаву ба камол расидааст. Падараш Назрихоҷа Раҳимов ва модараш Ҷавлон Давлатова сокинони шаҳри Душанбе мебошанд. То чорсолагӣ дар тарбияи бибиаш буд. Баъдан, то ҳафтсолагӣ тарбияи кӯдакистонро гирифт. Сипас, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и зодгоҳ ва факултаи муолиҷавии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанберо хатм кард[2].
Муштзанӣ
вироишРустамхоҷа аз дувоздаҳсолагӣ ба муштзанӣ меҳр пайдо кард. Ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрати ӯ аз назари мутахассисон пинҳон намонд. Ҳамин буд, ки бо Рустамхоҷа ҷиддитар муносибат мекарданд. Ҳамин тариқ, ӯ таҳти роҳбарии Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Усмон Ҳалимов машқ кард ва тавонист ба боварӣ сазовор гардад.
Аввалин ҳунарнамоиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ (шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия) буд, замоне ки 13 сол дошт ва дар вазни 32 кило натиҷаи хуб ба даст овард[2].
Шаҳрвандии Олмон
вироишСоли 1995 ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Олмон сафар кард. Дар ҳамон шабу рӯз дастаи мунтахаби муштзании Олмон ба Бозиҳои олимпии Атланта омодагӣ мегирифт. Муштзани навраси тоҷикро мутахассисони олмонӣ дар ҷараёни мусобиқа таги чашм карданд. Баъдтар ба Тоҷикистон баргашта, дуо ва ризояти волидонро барои дар Олмон мондан гирифт. Ба муҳити наву ноошно мутобиқ шудан ба ӯ бо осонӣ даст надод. Забони немисиро низ оҳиста-оҳиста ёд гирифт ва соли 2002 шаҳрвандии ин кишварро қабул кард[2].
Ҳамин тариқ, баъди машқу тамрини зиёд Рустамхоҷа Раҳимов таҳти роҳбарии мураббии нави олмониаш Валентин Силагини руминиёӣ зимни иштирок дар Чемпионати Аврупо, ки соли 2004 дар шаҳри Пулаи Хорватия доир шуд, ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Афина гардид.
Зиндагии шахсӣ
вироишРустамхоҷа аз ду никоҳ (ҳамсари якумаш олмонӣ буд) ду писару як духтар дорад[2].
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи медаловари Бозиҳои олимпӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |