Рустам ва Суҳроб (опера)
«Рустам ва Суҳроб» — операи композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов, ки соли 1999 (либреттои Низом Қосим) аз рӯи достони ҳамноми Абулқосим Фирдавсӣ аз «Шоҳнома»-и безавол навишта шудааст. Опера аз 3 парда ва 10 намоиш иборат буда, ба 1100-солагии давлати Сомониён бахшида шудааст. Сужаи опера дар бораи фоҷиаи Рустам ва Суҳроб – падару писар ҳикоят мекунад. Мусиқии опера хусусияти эпикӣ-қаҳрамонӣ дорад ва бо суруду речитативи Рустам (дар охири намоишнома гиряи Рустам), дуэтҳо, арияҳо, рақсҳои хушоҳанг, ансамблҳо-композитор операашро бою рангин сохтааст. Нахустнамоиши «Рустам ва Суҳроб» соли 1999 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гашт ва аз тарафи тамошогарон ба баҳои баланд ноил гардид.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 329. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)