Зарафшондарё

(Тағйири масир аз Рӯди Зарафшон)

Зарафшон  — (форсӣ: زرافشان‎, тоҷикӣ: Зарафшон, ӯзбекӣ: Zarafshon/Зарафшон/زېرەۋشان — яке аз дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал мебошад. «Дарёи Зарафшон», «Зарафшондарё», дарёест дар Осиёи Миёна ҳудуди кӯҳистони Тоҷикистони марказӣ, вилояти Суғд ва Ӯзбекистон мегузарад. Масоҳаташ — 12300км²-ро ташкил дода, ҳамагӣ 877 км дарозӣ дорад.

Зарафшондарё
Акс:Зеравшан ӯ Таджикистані.jpg
Дарёи Зарафшон
Мушаххасот
Тӯл 877 км
Ҳавза 12 300 км²
Ҷараёни об
Сарчашма дарёҳои якҷоя: Яғноб ва Фондарё
  Мавқеъ Қаторкӯҳи Зарафшон
  Баландӣ 2775 м
  Координатаҳо 39°28′07″ с. ш. 70°29′30″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Кофарниҳон
  Мавқеъ Қарокӯл Ӯзбекистон
  Баландӣ ≈ 200 м
  Координатаҳо 39°33′21″ с. ш. 63°52′08″ в. д.HGЯO
Нишебии дарё 0,14 м/км
Мавқеъ
Системаи обӣ Сирдарё → Қарокӯл

Кишварҳо Ӯзбекистон/Тоҷикистон
Минтақаҳо Вилояти Суғд, Самарқанд, Бухоро
Ноҳияҳо Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент
Зарафшондарё (Ӯзбекистон)
болооб
резишгоҳ
Зарафшондарё
дар Викианбор
Зарафшон дар ноҳияи Айнӣ
Пул дар назди шаҳраки Айнӣ

Ин дарё дар кӯҳистони Мастчоҳ, аз пиряхи Зарафшон сарчашма гирифта, ба самти ғарб ҳаракат мекунад. Дар замонҳои қадим ин дарёро юнониҳо «Политимет» ва мардумони таҳҷоӣ «Суғдрӯд» низ ном мебурдаанд. Маҷрои дарё дар ҳудӯди ноҳияҳои Мастчоҳ ва Айнӣ хеле танг буда, бисёр тезҳаракат аст, пас аз якҷоя шудан бо шохоби калонтаринаш Фондарё, дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ, маҷрои он нисбатан васеътар мегардад. Бо баробари дохил шудан ба ҳудӯди ноҳияи Панҷакент, дарё пурра ба водии фарох баромада, паҳноияш то ба якуним км мерасад. Ҳамагӣ 316 км дарёи мазкур ба қаламрави Тоҷикистон мансуб аст. Зарафшон зиёда аз 100 шохобҳои хурду калон дорад, аз ҷумла шохобҳои асосияш: Фондарё, Моғиёндарё ва Шингдарё мебошанд. Дар ғарби ноҳияи Панҷакент дарё ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда, ба самти Самарқанд равон мешавад ва тақрибан боз 400 км идома меёбад. То ғалабаи Инқилоби Октябр (аниқтар то соли 1923)Зарафшон шаҳри Бухороро убур намуда, пас ба тарафи ҷанӯб ҳаракат карда, ба Амударё мерехтааст ва яке аз шохобҳои Амӯдарё будааст. Пас аз Инқилоби Октябр, бо васеъ гардидани майдони заминҳои корам (асосан пахта) дар Узбекистон, оби дарё комилан барои кишту-кор истифода бурда мешавад. Ҳоло Зарафшон дарёи алоҳида мебошад. Ҳавзаи обгирии Зарафшон 12 ҳазор км мураббаъ мебошад. Давраи серобии дарё моҳҳои июл-августро дар бар мегирад. Давраи аз ҳама серобияш 930 мк сония ва давраи аз ҳама камобияш моҳҳои феврал-март, 24 мк сония ва 164 мк сония ба ҳисоби миёнаи солона дар мавзеи дупулаи Панҷакент ба ҳисоб гирифта шудааст. Барои сохтани силсила-нерӯгоҳҳои обии барқӣ Зарафшон мувофиқ ва дорои аҳамияти калон мебошад.


Ҳавзаи дарёи Зарафшонро аз тарафи шимол қаторкӯҳи Туркистон, аз ҷануб қаторкуҳи Ҳисор ҷудо мекунанд. Масоҳати он 12 300 км²-ро ташкил дода, ҳамагӣ 877 км дарозӣ дорад. Ин дарё аз пиряхи Зарафшон ибтидо мегирад. Дар болообаш номи Яғнобро дорад, дар рафти ҷараён аз соҳили чапу рост ба он қариб сад шохоби чапу рост ҳамроҳ мешавад, ки онҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Зарафшон ҷорӣ мешаванд. Дар рафти ҷараён хамаи онҳо водиҳои тангро ҳосил мекунанд. Водии дарёи Зарафшон ҳам дар ҳама ҷо як хел нест. Дар саргаҳи дарё аз водие, ки дар гузашта пирях ҳосил шудааст, ҷорӣ мешавад. Дар мавзеи танги маҷрои дарё дарғоти Якуми Май сохта шудааст. Аз ин дарғот дар соҳили чапи дарё канал гузаронидаанд ва он заминҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро обёрӣ менамоянд. Дар баъзе шохобҳои он ба монанди дарёи Фон ва шохоби он Искандар барои сохтани истгоҳи электрикии обӣ мавзеъҳои мувофиқ мавҷуданд. Бояд гуфт, ки дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор мераванд, оби ҳаётбахши худро ба кишварҳои дар поёнтар ҷойгиршуда мерасонанд ва пахтакорию гидроэнергетикаро бе онҳо наметавон тасаввур кард. ХИБ — и 110 кВт пайваст аст.

Адабиёт

вироиш
  • В. В. Бартольд. К Истории Орошения в Туркестане. — В: Собрание соч., том 3. Москва, 1965.
  • Robert Lewis. Early Irrigation in West Turkestan. Annals of the Association of American Geographers, vol. 56, 1966, № 3, 467—491.
  • Якубов, Ю. Паргар в VII—VIII вв. н. э. (Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья). М., Дониш, 1979.