Рӯзи кайҳоннавардон
Рӯзи кайҳоннавардон — дар Русия рӯзи 12 апрел ба муносибати парвози нахустини инсон ба кайҳон таҷлил шудааст.
Таърих ва таҷлили ид
вироишКайҳоннавардӣ (заб. русӣ Космонавтика) - тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии аппаратҳои кайҳон, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.
Рӯзи 12 апрели соли 1961 соати 9 пагоҳирӯзии вақти Москва кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми «Байконур» гирди сайёраи замин парвози мадориро ба амал овард. Дар сатҳи киштӣ Юрий Гагарин муддати 108 дақиқа дар кайҳон парвоз кард. Дар давоми парвозаш дар киштии кайҳонӣ Юрий Гагарин хӯрок хӯрд, нӯшид ва хоб кард. Юрий Гагарин аввалин шахсест, ки бо чашми худ дидааст, ки Замин доирашакл аст. Манзарае, ки ӯ дар кайҳон дид, хеле зебо буд. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба Замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар будаанд», - гуфта буд Юрий Гагарин. Барои ин парвозаш дар фазои кайҳон ба Юрий Гагарин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи майор дода шуд. Парвози Юрий Гагарин саҳифаи нави таърих дар кайҳонро кушод. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин рӯзи хотирмон бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз таърихи 12 апрели соли 1962 муқаррар гардид.
Бояд гуфт, ки аввалин кайҳонаварди шӯравӣ Ю.Гагарин 9 марти соли 1934 дар вилояти Смоленски Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ҳангоми омодагӣ ба парвози аввалин ба кайҳон ғайр аз Гагарин боз 20 нафар довталаб буданд. Онҳо аз байни дидбонҳои (лётчикҳои) қиркунанда интихоб шуда буданд. Аз байни 20 нафар довталаб 6 нафар интихоб гардида буд. Гагарин дар лаҳзаҳои охирон барои парвоз интихоб мешавад.
Баъд аз Юрий Гагарин бори дуввум кайҳонаварди америкоӣ Нил Армстронг 21 июли соли 1969 аввалин қадамҳои худро дар рӯи сайёраи Моҳ гузошт ва гуфт - ”Ин қадами хурд барои як шахс, лекин ҷаҳиши калон ба ҳамаи инсоният аст». Кайҳоннавардӣ ба комёбиҳои нав қадам монда истодааст, туризми кайҳонӣ фаъолона тараққӣ карда истодааст. Кайҳонавардон боз ба кашфи рӯи сайёраи Моҳтоб гузаштанӣ ҳастанд ва нигоҳи худро ба сӯи сайёраи Миррих сафарбар намудаанд.[1]
Филателия ва нумизматика
вироиш-
Советская марқӯс, Юрий Гагарин, 1964
-
Советская марқӯс, Алексей Леонов, 1967
-
Советская марқӯс, 1972
-
Советская марқӯс, "Мир", 1990
-
Казахская марқӯс, 1996
-
Юбилейная тангаи "50 лет первого полёта человека в космос", Русия, 2011
-
Украинская марқӯс, 2011