Абдулқодирхоҷаи Савдо

(Тағйири масир аз Савдо, Абдулқодирхоҷа)

Абдулқодирхоҷаи Савдо (форсӣ: عبدالقادر خواجه سودا‎; 1824, Бухоро1873, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон) — шоир ва мусиқидони форс-тоҷик.

Абдулқодирхоҷаи Савдо
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулқодирхоҷаи Савдо
Таърихи таваллуд: 1823(1823)
Зодгоҳ: Бухоро , Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт: 1873(1873)
Маҳалли даргузашт: Бухоро, Аморати Бухоро
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Савдо Абдулқодирхоҷа шоири тоҷик соли 1823 дар Бухоро ба дунё омадааст.  Дар Бухоро таҳсил кардааст. Савдо зеҳни тез дошта, баробари донишҳои расмии мадраса илми нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққошӣ, заргарӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, лаввоҳӣ ва навозандагиро ҳам омӯхт. Савдо донишманди хуби «Шашмақом» будааст.

Дар давраи таҳсил бо шеъргӯӣ шурӯъ кард. Шоири ҷавон махсусан дар мутоиба, бадеҳагӯӣ  қобилияти  хуб  дошт. Сипас, ба дарбор даъват гардид. Савдо бо супориши ҳукумат барои корҳои давлатӣ ба гӯшаю канори мамлакат сафарҳо карда, бо аҳволи халқ ошно мешуд ва ба дармондагон ёриҳо медод. Ҳарчанд Савдо аз хизмати дарбор хеле дилгир шуда буд, вале то охири умр аз он муҳит раҳоӣ ёфта натавонист.

Мероси адабӣ

вироиш

Миқдори мероси бадеии Савдо ҳанӯз маълум нест. Зеро тамоми асарҳои ӯ дар шакли мураттаб то ба мо нарасидаанд. Мероси мавҷудаи шоир аз 94 порчаи манзум, 5 қасида, 1 марсия, 56 ғазал, 2 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 6 маснавӣ, 2 қитъа, 9 рӯбоӣ, 11 фард, 1 таърих ва 7 ҳикояти мансур (як ҳикояи маъруфаш «Музҳика») иборат аст. Мероси манзуми Савдо ба лирикаи ишқӣ ва ашъори ҳаҷвию мутоиба ҷудо мешавад. Дар лирикаи давраи авали Савдо таъсири Бедил ба назар мерасад. Аммо шоир дар пайравии Аҳмади Дониш ва шогирдони ӯ ба зудӣ аз доираи ин таъсир баромада, роҳи содданависиро пеш мегирад ва бо мавзӯҳои тозаи замони худ рӯй меорад.

Баъзе шеърҳои ҳаҷвӣ ва мутоибаомези Савдо ҳазлу зарофати зоҳиран беозор дошта, баъзан танқиди сахти ҳукмронии замонро дар бар гирифтааст. Савдо барои соддаву оммафаҳм шудани шеъраш хеле кӯшиш карда, аз калимаву ибораҳои гуфтугӯӣ ва зарбулмасалу мақолаҳои халқӣ ҳунармандона истифода бурдааст. Манзуми ҳаётии эҷодиёти Савдо услуби соддаву фаҳмои ӯ ба шоирони минбаъдаи адабиёти нимаи  дуюми  асри 19 таъсири зиёде расонд. Аз ин ҷиҳат Савдо дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми намоён дорад

Адабиёт

вироиш
  • Савдо Абдулқодирхоҷа / С. Алиев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).