«Садои Шарқ» — моҳнома, нашрияи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Моҳномаи "Садои Шарқ" яке аз бособиқатарин нашрияҳо дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 85 сол боз ба хатти сириллик чоп мешавад.

Таърих

вироиш

Маҷалла аз моҳи майи соли 1964 ба баъд бо номи "Садои Шарқ" нашр мешавад. Номҳои қаблии он "Раҳбари дониш" (1927-1932), "Барои адабиёти сотсиалистӣ" (1932-1937) ва "Шарқи сурх" (1937) будааст.

Ин маҷалла то кунун ду бор мутаваққиф ҳам шудааст. Бори аввал аз моҳи апрели соли 1938 то июни соли 1940 ва бори дуввум дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).

Аз нимаи соли 1946 интишори муназзами он бо ҳамон номи "Шарқи сурх" дубора оғоз шуд, ки дар соли 1964 ба "Садои Шарқ", унвони кунунии он, тағйири ном кард.

Нахустин нашрияи адабӣ

вироиш

Дар соли сеюми таъсиси ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон чанд нафар аз кормандони Комиссариати (вазорати) маорифи ин ҷумҳурӣ ба нашри маҷаллае илмӣ, таълимӣ, иҷтимоъӣ ва адабӣ иқдом карданд ва шумораи аввали он моҳи августи соли 1927 бо номи "Дониш ва биниш" дар шаҳри Самарқанд нашр гардид.

Аввалин сардабири он Муҳаммад Мӯсавӣ буд. Минбаъд ин маҷалла дар шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе зери назари Собит Манофзода ба чоп мерасид.

Донишманди фақид Раҳим Ҳошим менависад: "Дар Самарқанд мутасаддии тайёр кардани маҷалла Нарзулло Бектош буд, ки мудири шуъбаи илмии комиссариати маориф буда, барои кораш дар маҷалла музд намегирифт. Маҷалла кормандони адабии доимӣ надошт, кори онро ходимони нашриёт ба ҷо меоварданд, фонди муайяни ҳаққи қалам ҳам надошт."

Аз баҳори соли 1928 Раҳим Ҳошим котиби масъули маҷалла буданд ва роҳбари маънавии онро устод Садриддин Айнӣ бар уҳда доштааст. Маҷалла ҳарчанд тамоюли омӯзишию парваришӣ дошт, вале дар нашри осори адабӣ ва ташаккули адабиёти навин дар Тоҷикистон нақши муҳимме доштааст.

Нахустин навиштаҳои Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Мунзим, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар ҳамин маҷалла мунташир шудаанд. Маҷаллаи "Раҳбари дониш" бо нашри аввалин осори қаламкашони ҷавон, аз ҷумла осори Пайрав, Абдусалом Деҳотӣ, Азизӣ, Зеҳнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар тарбият ва роҳнамоии суханварон саҳмдор будааст.

Маҷалла бо нашри як силсила мақолаҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мунзим, Раҳим Ҳошим ва дигарон дар роҳи покизагӣ ва рушди забони форсии тоҷикӣ хидмати арзишманде кардааст.

Дар маҷалла доир ба масоили назария ва таърихи адабиёт матолиби арзишманде нашр шуда, ҳамчунин намунаҳои осори гузаштагон ва адабиёти ҷаҳон ба таври муттасил ба чоп расидаанд. Аз соли 1932 баъд аз таъсиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон маҷалла бо номи "Барои адабиёти сотсиалистӣ" нашр гардида, дар роҳи рушди адабиёти навини тоҷик ва таблиғи мероси гузаштагон хидмати арзишманде кардааст.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш