Раҳим Ҳошим
Раҳим Ҳошим — адабиётшинос, мунаққид, забоншинос, мутарҷим ва нависандаи тоҷик. Олим, номзади илмҳои филология (1963). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960). Ходими хизматнишододаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1993).
Раҳим Мамедович Ҳошимов | |
Таърихи таваллуд: | 5 октябр 1908 |
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт: | 24 октябр 1993 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Солҳои эҷод: | 1928—1991 |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишРаҳим Ҳошим 5 октябри соли 1908 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст, Мактаби ибтидоии усули ҷадидро хатм кардааст (1916), дар мактаби навташкиле, ки дар он устод Айнӣ дарс мегуфт (1917) ва баъд дар мактаби русӣ, Дорулмуаллимини Самарқанд таълим гирифтааст (1918-1920). Ходими адабии рӯзномаи “Зарафшон” ва маҷаллаи “Маориф ва ӯқитувчи”, “Раҳбари дониш” (1920-1925), котиби масъули маҷаллаи “Раҳбари дониш” (1926; 1934-1935), муҳаррир ва тарҷумони Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд (1927-1930, 1935-1936). Соли 1930 ба ҶШС Тоҷикистон омадааст. Котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1933-1934). Иштирокчии Анҷумани якуми нависандагони СССР дар Москва (1934). Аз соли 1944 то 1954 дар Сибир бадарға шуда буд. Аз соли 1955 то охири умр ходим ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон. Узви ҳайати таҳририяи нашрияҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи “Куллиёт”-и С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ буд. 24 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.[1]
Эҷодиёт
вироишАввалин мақолааш “Жадид шоир Саидаҳмад Сиддиқий” дар маҷ. “Маориф ва ӯқитувчи” (1928, № 10) чоп шудааст. Фаъолияти илмияш аз соли 1928 шурӯъ шуда, нахустин мақолаҳояш дар мавзӯъи масъалаҳои мубрами адабиёт ва забони тоҷикӣ дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» нашр шудаанд. Муаллифи рисолаҳои «Пире, ки ҷавон шудааст» (1973; дар бораи Устод Айнӣ), «Ҳайкали бузурги назм» (1965; дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ), «Ибни Сино», (1975), «Абӯрайҳони Берунӣ» (1980) ва ғ. мебошад. Соли 1971 китоби ёддоштҳояш «Сухан аз устодон ва дӯстон» ба табъ расид, ки дар он чеҳраҳои эҷодии Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, С. Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, А. Деҳотӣ ва дигаронро мутаҷассим сохтааст. Дар ҳамқаламии Р. Фиш китоби ҳаёт ва эҷодиёти Устод Айниро навиштааст, ки бо номи «Бо чашми виҷдон» (1978) ба тоҷикӣ ва «Глазами совести» (1979) дар Маскав чоп шудааст. Дар таҳия ва нашри «Шоҳнома», ашъори М. Баҳор, Фузулӣ, шоирони форсизабони Афғонистон саҳм гузоштааст. Таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ аз шуғлҳои дигари Раҳим Ҳошим буда, солҳои 1929-1931 китобҳои дарсии «Ҷаҳони нав», «Сохтмони нав», «Китоби қироат», «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои русӣ), «Алифбо» (дар ҳамқаламии В. Любенсов), «Роҳи нав», «Панҷ дар чор» (ҳамроҳи Устод Айнӣ, Пайрав ва В. Любенсов)-ро ба табъ расондааст. Тарҷумони беназире ҳам буда, романи «Модар» ва ҳикояҳои М. Горкий (1937, 1950, 1969), «Шоҳу гадо»-и М. Твен (1937, 1953, 1957), «Сафар аз Петербург ба Маскав»-и А. Радищев (1949), «Мусиқачии нобино»-и В. Короленко (1949, 1977), «Мсири»-и М. Лермонтов (1948), «Гвардияи ҷавон»-и А. Фадеев (1955, 1969), «Ҳодисаи одӣ»-и И. Гончаров (1959), «Анна Каренина»-и Л. Толстой (1960), «Чингизхон»-и В. Ян (1962), «Абри ишқ»-и Н. Ҳикмат (1972), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1973), «Чаманоро»-и Р. Нурӣ (1965) ва ғ. аз биҳин тарҷумаҳои ӯ ва адабиёти тоҷик мебошанд. Дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933, таҳти роҳбарии Устод Айнӣ), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат доштааст. Дар таълифу таҳрири луғатҳои тоҷикӣ, дузабона, фразеологӣ ва истилоҳии “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1933, 1985), “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) ва ғ., саҳм гузоштааст. Асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Маликушшуаро Баҳор, Фузулӣ, М.Ф.Охундов ва дигар класс. адаб. Шарқро ба нашр ҳозир кардааст. Тарҷумаи чандин асари В.И.Ленин, асарҳои М.Горкий (“Модар”, “Қиссаҳои Италия”, пиесаҳои “Дар қаъри ҳаёт”, “Мешанҳо”, “Боғнишинон”, “Душманон”, “Егор Буличёв ва дигарон”), Марк Твен (“Шоҳзода ва гадо”), Д.Дефо («Робинзон Крузо»), А.Н.Радишев (“Саёҳат аз Петербург ба Москва”), В.Г.Короленко (“Мусиқачии нобино”), М.Ю.Лермонтов (“Мтсири”), А.Фадеев (“Гвардияи ҷавон”, кит.2), А.И.Гертсен (“Кӣ айбдор?”), И.А.Гончаров (“Ҳодисаи одӣ”), Л.Н.Толстой (“Анна Каренина”), В.Ян (“Чингизхон”), Нозим Ҳикмат (“Абри ошиқ”), Г.Фигейредо (“Эзоп”), Р.Нурӣ (“Чаманоро”) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ дорад.[2] Муаллифи зиёда аз 500 асару рисола, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, китоби дарсӣ, аз ҷумла: Китобҳои дарсии
- “Ҷаҳони нав” (1928),
- “Алифбои нав барои мактаби савод” (1929),
- “Сохтмони нав” (хрестоматия, 1930),
- “Соли дуюм” (китоби қироат, 1931),
- «Соли сеюм» (китоби қироат, 1931),
- “Учебник таджикского языка для русских служащих в госаппарате Таджикской ССР”,
- “Роҳи нав”, «5 дар 4» (бо ҳамқаламии С.Айнӣ, П.Сулаймонӣ, В.Лубенсов) ва диг.
Осор
вироиш- Ҳайкали бузурги назм. Очерки илмӣ дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ. – Д., 1964;
- Имя, прославленное в веках. – Д., 1964;
- Сухан аз устодон ва дӯстон. – Д., 1971, нашри дуюм. – Д., 1983;
- Мудрость веков. – Д., 1977 (соавтор);
- Ибни Сино. Мухтасар дар бораи зиндагӣ, шарҳи ҳол, осор. – Д., 1977;
- Глазами совести. Документальная повесть о С. Айни. – Д., 1978 (соавтор), нашри дуюм. – М., 1981;(бо ҳамқаламии Р.Фиш тоҷ. ва русӣ)
- Берунӣ. Ҳаёт ва фаъолияти олими энсиклопедист. – Д., 1983;
- Аввалин маркази илмӣ. – Д., 1985;
- Солҳо ва саҳифаҳо. – Д., 1988.
Адабиёт
вироиш- "Hoshimov, Rahim". In: Iraj Bashiri (Professor at the University of Minnesota). PROMINENT TAJIK FIGURES OF THE TWENTIETH CENTURY. Dushanbe, Tajikistan, 2002, p. 107.
- Рахим Хашим. Биобиблиография. – Д., 1988.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе,«Адиб»,2014. - С.281 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013. ISBN 9789994795826 – С. 148 -149.