Садриддин Абдураҳимов

Садриддин Яминович Абдурахимов — географ, геолог, доктори илмҳои геология ва минералогия (2003), профессор (2005). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1990).

Садриддин Абдураҳимов
Садриддин Яминович Абдурахимов
Таърихи таваллуд 10 март 1945(1945-03-10) (79 сол)
Зодгоҳ Мулломир, ноҳияи Ашт
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҷуғрофия
Дараҷаи илмӣ: олим
Алма-матер Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент(1962)
ДДОЛ ба номи С. М. Киров
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1990)

Ҳолнома

вироиш

Садриддин Яминович Абдураҳимов - 10 марти соли 1945, дар деҳаи Мулломири ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент(1962) ва ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1971). Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ (1962-63), лаборант (1969-71), муаллими кафедраи география (1971-73), муҳаққиқ-коромӯзи факултаи геология (1973-74), аспиранти факултаи геологияи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (1974-77), дотсенти кафедраи география (1978-79), мудири кафедраи заминшиносӣ ва геология (1979-84), ходими калони илмии факултаи геологияи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (1984-85), мудири кафедраи заминшиносӣ ва ҳифзи табиат (1986-90), мудири кафедраи геоэкология (1990-96), ноибдекани таълими факултаи фанҳои табиӣ (1996-2005), мудири кафедраи географияи табиии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (аз с.2005). Тадқиқоти илмии А. ба омӯзиши конҳои маъдан, сангҳои ороишӣ, проблемаҳои табиӣ ва техногении Тоҷикистон бахшида шудаанд. Муаллифи зиёда аз 60 асари илмӣ, иштироккунандаи як катор конфронсу симпозиумҳои байналхалқи (Боку, 1974; Маскав, 1975, 1976, 1977, 1984, 1985, 1987, 1988, 1990; Полша, 1980; Терскол, 1989; Намангон, 1990; Бишкек, 1991; Перм, 2003).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • медали 20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1965).

Осори илмӣ

вироиш
  • Взаимодействие человека с природными ресурсами в эпоху Саманидов в Таджикистане. - Худжанд: Ношир, 1999;
  • Геоэкологические проблемы техногенеза на территории Северного Таджикистана. - Пермь: Изд. ПГУ, 2003 ва диг.

Пайвандҳои беруна

вироиш