Садриддин Нуров
Садриддин Нуров (тав. 01.01.1940, деҳаи Шули ноҳияи Рашт - ваф. 2.08.2020, шаҳри Душанбе ) — адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1984), дотсент (1986). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992)
Садриддин Нуров | |
Таърихи таваллуд | 1 январ 1940 |
Зодгоҳ | ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2 август 2020 (80 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1960–1968 дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1962–1965 афсари Артиши Шӯравӣ, 1968–1971 аспирант, 1971–1973 мудири кабинети адабиёти тоҷик ва роҳбари умумии таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён, 1973–1986 муаллим, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 1986 то ба имрӯз дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оид ба эҷодиёти шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода тадқиқоти илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Саховати дилу сухан, Д., 1982;
- Сухансарои сахопеша, Д., 1991;
- Остаётся в стихах и сердцах, Д., 1991;
- Ҳамқадами ҳаёт, ҳамнафаси халқ, Д., 2000;
- Очеркҳои мухтасари ҳаёт ва эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода, Д., 2005.