Саидмурод Бостонгуҳар

Бобомуллоев Саидмурод Бостонгуҳар (10 сентябри 1960, деҳаи Ворӯ, ноҳияи Панҷакент — 16 декабри 2024, Душанбе) — бостоншинос ва таърихнигори тоҷик, доктори илмҳои таърих (2010).

Саидмурод Бостонгуҳар
Саидмурод Ғиёсович Бобомуллоев
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1960(1960-09-10)
Зодгоҳ деҳаи Ворӯ, ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 16 декабр 2024(2024-12-16) (64 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ бостоншиносӣ, таърих
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми мактаб (1977) дар з-ди консерви шаҳри Панҷакент (1977-79) кор карда, солҳои 1979-81 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди хатми факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ) дар вазифаҳои лаборанти калони базаи бостоншиносии Панҷакент (1986—1987), методисти осорхонаи мактаб (1989-89), х. х. илмии лабораторияи бостоншиносии осорхонаи мамнӯъгоҳи Ҳисор (1989-91), х. х. илмӣ (1991-97) ва ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон (1997—2000) фаъолият намудааст. Аз соли 2000 директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмию бостоншинохтӣ

вироиш

Бостонгуҳар дар экспедитсияҳои бостоншиносии Саразм, Бунҷикат, Дашти Қозӣ, Зарча Халифа ва Аҷиннатеппа ширкат варзида, бо бостоншиносони машҳур Бостонгуҳар А. Литвинский, В. В. Ранов, Н. Н. Неъматов, А. И. Исҳоков ҳамкорӣ мекард. Дар мавзӯъҳои «Тамаддуни кишоварзӣ ва чорводории Саргаҳи Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод» рисолаи номзадӣ (1996) ва «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои археологии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи докторӣ (2010) ҳимоя намудааст. Дар конференсияҳои байналхалқии Порис (2009, 2010), Берлин (2000), Ҳамбург (2001), Киёто (2005), Токио (2006), Манхейм (2010), Мадрид (2010), Лиобен (2010), Алмаато (2011), Ашқобод (2011) ва Маскав (2011) маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Соли 2005 дар «Экспо-2005» ёдгорҳои бостоншиносии Тоҷикистонро дар шаҳри Айчии Ҷопон муаррифӣ кард. Аз соли 2007 узви комиссияи сабти номи ёдгорҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва роҳбари экспидитсияи бостоншиносии Қалъаи Кофарниҳон.

Зиёда аз 80 мақолаи илмии Бостонгуҳар бо забонҳои олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ ба чоп расидаанд.

Даргузашт

вироиш

Саидмурод Бобомуллоев 16 декабри 2024 бар асари сактаи мағзӣ дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт[1].

  • Верховье Зарафшана во II тыс. до н. э. Д., 1998;
  • К истории археологического исследования Южного Таджикистана. Д., 2006;
  • Создание и деятельность Таджикской археологической экспедиции в 40-50-е годы XX века. Д., 2006;
  • История изучения археологических памятников Южного Таджикистана (XX — начало XXI вв.). Д., 2010.
  1. Даргузашти таърихдони шинохта Саидмурод Бобомуллоев(тоҷ.), Радиои Озодӣ. Проверено 17 Декабри 2024.

Адабиёт

вироиш
  • Бостонгуҳар Бобомуллоев Саидмурод / С. Ғуломшоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.