Саидмурод Фаттоҳзода
Саидмурод Фаттоҳзода (Фаттоҳзода Саидмурод Самад; тав. 15 ноябри соли 1958, Кӯлоб, Тоҷикистон) — ходими давлатии Тоҷикистон. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (2001), доктори
Фаттоҳзода Саидмурод Самад | |
26 июли 2007 — 15 декабри 2014 | |
Пешгузашта | Кароматулло Олимов |
Ҷонишин | Абдуҷаббор Раҳмонзода |
Таваллуд | 15 ноябр 1958 (66 сол) |
Ҳизб | Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ |
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ доктори илмҳои фалсафа |
Эътиқод | ислом, ҳанафӣ |
Ҷоизаҳо | |
Фаъолияти илмӣ | |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ, фалсафа |
Зиндагинома
вироишФаттоҳзода Саидмурод Самад 15-уми ноябри соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскавро хатм кардааст ва даҳ сол баъд, яъне соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои журналист, ходими адабии рӯзнома, сиёсатшинос бо дипломати аъло хатм намудааст.
Фаъолияти кориаш аз соли 1981 дар нашрияи Ҳизби коммунисти вақт «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ҳайси мухбир оғоз шудааст. Баъдан, ба хидмати ҳарбӣ даъват мешавад, аз соли 1984 то соли 1986 дар сафҳои Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст.
Солҳои 1987—1989 дар вазифаи мухбири калони рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст.
Дар давоми солҳои 1991 то 1993 дар оғози Истиқлол дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт.
Солҳои 1993—1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994—2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шуд. Дар ин симат вай Кароматулло Олимовро иваз кардааст. Аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид.
Аз моҳи декабри соли 2014 инҷониб муовини якуми раиси ҲХДТ мебошад.
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа мебошад.
Ҷоизаву орденҳо
вироишБо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ», медали «Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20-солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон» ва медали тилоии «Ниҳоли дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор соҳиби се фарзанд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Чеҳра: Саидмурод Фаттоҳзода — TOJNEWS