Саидраҳмон Сулаймонов

Сайидраҳмон Сулаймонӣзабоншинос, доктори илми филологӣ (1997), профессор (2003), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2011).

Саидраҳмон Сулаймонов
Саидраҳмон Сулаймонов
Саидраҳмон Сулаймонов
Таърихи таваллуд 10 май 1947(1947-05-10) (77 сол)
Зодгоҳ ТоҷикободҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии Тоҷикистон)
Ҷоизаҳо Медали «Хидмати шоиста» (2003) ва «Арбоби илм ва техника» (2011).

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон) (1969). Аз соли 1972 то соли 1985 ба ҳайси муаллим ва сипас дотсенти кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии Донишкадаи давлатии Тоҷикистон) кор кардааст. Мутарҷим дар Ҷумҳурии Арабии Яман (1970-1971) ва дар Ҷумҳурии Ироқ (1980-1983). Ходими калони илмӣ (1985-1992) ва мудири бахши тарҷума ва таҳияи мероси фалсафии Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (1992-2005). Мудири кафедраи филологияи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2012). Аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ. Аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Либиё. Аъзои Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир ба илмҳои филологӣ. Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира. (Ҷумҳурии Мисри Араб).

Ҷоизаву ҷоизаҳо

вироиш
  • медали "Хидмати шоиста" (2003),
  • "Арбоби илм ва техника" (2011).
  • Ташаккули забони фалсафаи тоҷик. (монография) 1997. Сулаймонӣ. С.
  • Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ (70 000 калима). 2- ҷилд, 2004-2005; Сулаймонӣ. С.
  • Фарҳанги васити арабӣ – тоҷикӣ (30 000 калима)., 2008.
  • Дастури мукотиботи бозаргонӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ. (Дастури таълимӣ), 1999.
  • Мавлоно Ҷомии Сонии Қаротегинӣ. (Таҳқиқ ва тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ), 2005;
  • Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ. (дастури таълимӣ) 2005;
  • Фарҳанги шомили арабӣ – тоҷикӣ (100 000 калима), 2011;
  • Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ – тоҷикӣ – русӣ (120 000 калима), (зери табъ).

Тарҷумаҳои илмӣ аз арабӣ ба забони тоҷикӣ:

  • Омар Хаййам: «Философские трактаты» (комментария и подготовка текста к издании), 2002;
  • Садруддин аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость». Алмаата, 2004;

Осори Ибни Сино:

  • «Ҳикмати машриқия», «Ҳидоя», «Ибора» аз «Китобушшифо», маҷмӯи «Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз ҷумла рисолаҳои: «Ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунӣ», «Андар салот», «Фирдавс дар моҳияти инсон», «Андар ҳузн», «Аршия дар сифоти Аллоҳтаоло» ва ғайра, 2005, 2006, 2008, 2009, 2010, 2011

Сарчашма

вироиш