Сайдулло Абдуллоев
Сайдулло Абдуллоев (18 феврали 1945, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 12 майи 2001 Хуҷанд, Тоҷикистон) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1996), профессор (1994). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
Таърихи таваллуд | 18 феврал 1945 |
---|---|
Зодгоҳ | Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 12 май 2001 (56 сол) |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих (1996) |
Унвонҳои илмӣ | профессор (1994) |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Ленинобод |
Ҷоизаҳо | Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) |
Зиндагинома
вироишСайдулло Абдуллоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1967). Солҳои 1967 – 74 муаллим, муаллими калон, 1974 – 92 дотсент, муовини декан, декани факултети таърихи ҳамин донишкада, 1992 – 1995 ноиби ректор ва аз соли 1995 то охири умр ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Сайдулло Абдуллоев доир ба масъалаҳои рушди илм, маорифу фарҳанг дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ зиёда аз 350 таълифоти илмӣ, илмӣ – оммавӣ ва публитсистӣ ба табъ расондааст. Перомуни ҳаёту фаъолияти фарзандони номвари миллат Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар китобу рисолаҳои ҷолиб навиштааст.
Осор
вироиш- Фидоии илму маърифат, Х., 1997;
- Фарзанди замон, Х., 1997;
- Рост культуры Таджикистана в 30-е годы, Х., 1998;
- Академик Бобоҷон Ғафуров, Х., 1998;
- Амир Исмоили Сомонӣ, Х., 1998;
- Амирони Сомонӣ, Х., 1999;
- Илм ва фарҳанги Тоҷикистон дар нимаи аввали қарни XX, Х., 1999;
- Нақши умр, Х., 2002.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Сайдулло Абдуллоев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.