Сайдулло Қувватзода
Сайдулло Зувайд Қувватзода (тав. 25.01.1989 н. Темурмалик, вил. Хатлон) — муаллими забон ва адабиёти рус ва сиёсатшиносӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ (менеҷер), номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар риштаи илми сиёсатшиносӣ (2021).
Сайдулло Зувайд Қувватзода | |
Таърихи таваллуд | 25 январ 1989 (35 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Темурмалик , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019). Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар риштаи илми сиёсатшиносӣ (2021). |
Зиндагинома
вироишСайдулло Қувватзода хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2012) ва факултети идоракунии ҳайати кадрии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), донишҷӯи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2007-2012), ҳисобчӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун (2012-2012), ассистенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2012-2013), аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ (2012- 2016), сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2013-2013), мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2013 – 27.08.2020), ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2016-2020), муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор»-и ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2018-2020), сардори раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020-2021), дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомаеи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020 то ҳол), сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), нозири давлатии раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021 -2022), мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022 то ҳол) фаъолият намудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишРисолаи номзадиро дар мавзуи «Водная политика Республики Таджикистан в годы государственной независимости: проблемы и перспективы» дифоъ намуд (2018).
Мукофоту ҷоизаҳо
вироишБо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) ва чандин ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардидааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар риштаи илми сиёсатшиносӣ гардидааст (2021).
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ