Сайидсултон Сайидмуродов

Сайидсултон Сайидмуродов (5 майи 1905, Исфара — 1979, Душанбе) — ҳунарманд, режисёр, нависанда, драманавис, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Нишони Фахрӣ. Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1957).

Сайидсултон Сайидмуродов
Сайидсултон Сайидмуродов
Таърихи таваллуд: 5 май 1905(1905-05-05) (118 сол)
Зодгоҳ: Исфара
Маҳалли даргузашт: Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ: ИҶШС
Навъи фаъолият: ҳунарманд, режисёр, нависанда, дромнавис
Солҳои эҷод: 1935—1979
Самт: реализми сотсиалистӣ
Жанр: драма, мазҳака
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1957).

Зиндагинома вироиш

Соли 1927 факултаи коргарии ба номи М. И. Калинин (Маскав)-ро хатм кардааст. Мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Исфара (1928—1929), инструктори шуъбаи ташкилии КИМ-и ҶШС Тоҷикистон (1929—1940), яке аз барпокунандагони Театри драмавии тоҷик, аз ҷумлаи нахустин актёрон ва режисёрони кишвар будааст.[1]

Эҷодиёт вироиш

Фаъолияти эҷодияш аз солҳои сиюми асри гузашта сар шудааст. Пйесаҳои «Шӯриши Восеъ» (1935) ва «Муаллими драма», мазҳакаҳои «Духтари рангуборчӣ» (1938), «Рӯзҳои гузашта» (1939), «Хари ҷаннатӣ» (1941) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Пйесаҳои «Саодат» (1949, ҳамроҳи М.Рабиев), «Зафар ва Заррина» (1963) аз ҳаёти деҳқонон ва фотеҳони заминҳои навкорам, «Гаҳвораи заррин» (1974) «Ситорадуздон» (1975; ҳамроҳи А. Симаков), «Тиру камон» (1976) ва «Оилаи пурмоҷаро» (1979) аз рӯзгори ангиштканони Шӯроб ҳикоят мекунанд. Драмаву мазҳакаҳои «Хари ҷаннатӣ», «Духтари рангуборчӣ», «Фарҳод дар Норак» (1966) ва ғ. дар театрҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Доғистон ва ғ. ба саҳна гузошта шудаанд. Драмаи «Қиссаи Зайнаббибӣ» (1965; таҳрири наваш c.1974), ки аз қаҳрамонӣ ва диловарии зани тоҷик ҳикоят мекунад, ба репертуари Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский дохил гардидааст. Муаллифи намоишномаҳои «Раъно» (1937), дар ҳамқаламии С. Ҷавҳаризода ва «Пионер Содиқ» (1939) аст, ки барои бачагон офарида шудаанд.[2]

Ҷоизаҳо вироиш

  • Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»;
  • Ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1957)
  • Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Пайванди беруна вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Нависандагон, Сайидсултон Сайидмуродов
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 164 ISBN 978-99947-2-379-9