Сайрамбибӣ Абдуллоева
Сайрамбибӣ Абдулло́ева (1911, деҳаи Ҳисораки собиқ ноҳияи Ҳоити вилояти Ғарм — 16 майи 1929, ҳамон ҷо) — яке аз аввалин муаллимаҳо аз вилояти Ғарм.
Таърихи таваллуд | 1911 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Ҳисорак, ноҳияи Ҳоит |
Таърихи даргузашт | 16 май 1929 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Ҳоит |
Зиндагинома
вироишАз оилаи деҳқони камбағал. Баъди хатми курси муаллимии ноҳияи Ғарм (1928, ҳозира ноҳияи Рашт) дар зодгоҳаш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шуд. Ғайр аз муаллимӣ ҳамроҳи ҳамкасбонаш Гадоева Оламбибӣ ва Қосимова Маълумбибӣ дар байни ҳамдеҳаҳояшон ба таблиғоти сиёсӣ машғул буд, мардумро ба сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ ташвиқ мекард. Апрели 1929 дастаи босмачиёни Фузайл Махсум Ҳоитро ишғол кард ва бо иғвои бойҳо ва рӯҳониёни иртиҷоӣ ин се нафар муаллимаро дастгир намуда, 16 апрел ба дор овехтанд. Дар боғи фарҳанг ва истироҳати ноҳияи Рашт ба ёди ин шаҳидон муҷассамае гузошта шудааст, ки Абдуллоева ҳам дар пояи он мадфун аст. Дар пйесаи М. Бахтӣ «Лаҳзаи ҷовид» образи Абдуллоева ва ҳамкасбонаш инъикос ёфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдуллоева Сайрамбибӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.