Сайри харбуза
Сайри харбуза, иди харбуза
Яке аз сайрҳои мавсимӣ, ки дар фасли тобистон, дар айёми пухтани харбузаҳо баргузор мешуд. Дар моҳи август косибону ҳунармандҳо, аҳли тиҷорат ва дигарон ба сайргоҳ ба сайри харбуза мерафтанд. Дар сайргоҳ деҳқонон навъҳои зиёди харбузаҳоро ба намоиш ва фурўш мебароварданд. Харбузаҳои беҳтаринро бурида, меҳмононро муроот мекарданд. Дар як тарафи сайргоҳ навозандагону ҳофизон мусиқию сурудхонӣ ва рақс ташкил менамуданд. Ин анъана дар солҳои Истиқлоли кишвар дубора эҳё шуд. Дар Вилояти Суғд, водии Ҳисор, вилояти Хатлон фаъол аст.[1]
"Сайри харбуза" дар Тоҷикистон
вироишАнъанаи "Сайри харбуза" дар Тоҷикистон махсусан дар замони солҳои истиқлоли миллӣ эҳё гардидааст.
Нигаред муфассал:
Адабиёт
вироиш1. Турсунов Н. Шаҳри офтобӣ. Душанбе: Ирфон, 1989.
2. Сайри харбуза //Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2., Душанбе, 2016.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 90