Tg.Wikipedia
Айни ҳол дар Википедия 114 210 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Мақолаи баргузидаАбӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд. Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад. Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст. Мақолаи хубАбунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ. Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад. Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст. Феҳристҳо ва порталҳои баргузидаНигораи рӯзБоғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод |
Оё медонед?Аз мақолаҳои нави Википедия:
Рӯйдодҳои ҷорӣ
Эзоҳ
Дар ин рӯз — 25 ДекабрШаблон:Рӯйдодҳои рӯз:12-25Ҳамкориҳои ҳафтаИнтихоб нашудааст. Инро бояд ШУМО кунед!
| |
Лоиҳаҳои марбут
Забонҳои ВикипедиаВикипедияи тоҷикӣ аз соли 2004114 210 мақоларо дар бар мегирад. Бисёре аз Википедияҳои дигар низ дастрас мебошанд, ки баъзе аз бузургтарин фаслҳои забонии он дар поён оварда шудаанд. оғоз шуда, айни ҳол
|