Сайфинаҷот Аминҷонов
Сайфинаҷот Аминҷонов (16.9.1935, Хуҷанд – 5.2.2005, ҳамон ҷо) — духтури муолиҷ. Доктори илмҳои тиб (1987), профессор (1990), Аълочии тандурустии СССР (1975).
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1957). Духтури муолиҷаи беморхонаи минтақавии деҳаи Исмоили ноҳияи Хуҷанд (1957 – 59), аспиранти Пажӯҳишгоҳи тибби кишварӣ (1960 – 63) ва корманди Пажӯҳишгоҳи гас-троэнтерологияи АИ ҶТ (1963 – 89), мудири кафедраи таълими бемориҳои даруни ДДТТ (1989 – 92), директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Хуҷанд (1992 – 98), мудири кафедраи терапияи госпиталии филиали ДДТТ дар Хуҷанд (1998 – 2005). Муаллифи беш аз 100 кори илмист, ки ба масъалаҳои гувориш ва нафаскашӣ бахшида шудаанд. Иштирокчии бисёр конференсияву форумҳои байналмилалӣ. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гаштааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |