Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич; 20 ноябри 1953, деҳаи Афардӣ, ноҳияи Балҷувон — 20 майи 2000, Душанбе) — нависандаи тоҷик, сенариянависи синамо, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2002)[1].
Сайф Абдуевич Раҳимов | |
Таърихи таваллуд: | 20 ноябр 1953 |
Зодгоҳ: | деҳаи Афардӣ, ноҳияи Балҷувон |
Таърихи даргузашт: | 20 май 2000 (46 сол) |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Ҷоизаи адабии ИН Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (1995) Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2002) |
Зиндагинома
вироишСайф Раҳимзод баъди хатми мактаби миёнаи Ноҳияи Фархор ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатри ноҳияи Маскав (ҳоло ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ), ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1969—1970) буд. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1975). Корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974—1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981—1982), мухбир, баъдан мудири шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (1983—1987), тарҷумон дар Афғонистон (1987—1988), коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино» (1989—1995), раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷиккино» (1995—1997). Аз августи 1997 то соли 2000 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Эҷодиёт
вироишАсарҳояш аз соли 1980 нашр шудаанд. Бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» Сайф Раҳимзод аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта гардид. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шуҳрат пайдо кард. Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён; 1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003) ба табъ расиданд. Сайф Раҳимзод услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дорад. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ нигаристааст. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе татствир намудааст.
Филмҳо
вироишФилмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам». «Пете», «Чоре» ва ғайра дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ (масалан, кинофестивали Канни Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Сайф Раҳимзод дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ — Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуд. Бо ташаббуси ӯ дар Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум) телевизиони «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардиданд; дар Кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъсис ёфт. Хидмати Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» бузург аст[2].
Ҷоизаҳо
вироишСайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии ИН Тоҷикистон ба номи С. Айниро гирифт. Пас аз вафоташ соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд. Қиссаҳову ҳикоёти Сайф Раҳимзод ба забонҳои русию украинӣ, қазоқию қирғизӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд[1].
Вафот
вироишШаби 20 майи соли 2000 дар даромадгоҳи хонааш нависанда ва коргардони машҳури тоҷик Сайф Раҳимзод, ки раиси Кумитаи радио ва телевизион низ буд, дар натиҷаи амали террористӣ кушта шуд[2][3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Афардӣ Сайф Раҳимзод // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 88. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ↑ 2.0 2.1 Даҳ соли бе Сайфи Раҳимзод(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 21 июни 2018 санҷида шуд.
- ↑ Нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ. jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 21 июни 2018 санҷида шуд.