Салими Аюбзод (18 августи 1960, ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, хабарнигор ва блогнависи тоҷик. Барандаи Ҷоизаи аввали Конфедератсиюни иттифоқҳои журналистии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд (1991), Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ (2017), Ҷоизаи Дейвид Бурк (2021).

Салими Аюбзод
Таърихи таваллуд: 18 август 1960(1960-08-18) (64 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон Тоҷикистон
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, хабарнигор, блогнавис, нависанда
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Дар солҳои таҳсил дар мактаби миёна хабару мақола, ҳикоя ва латифаҳои ӯ дар нашрияҳои бачагонаи Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ва Маскав кор кардааст. Мудири бахши сиёсӣ ва иҷтимоии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», ноиби сардабири «Ҳафтганҷ» ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» буд. Солҳои 1991-92 гузоришгари оҷонси хабарии НЕГА ва раиси намояндагии созмони АСМО-ПРЕСС дар Тоҷикистон буд. Дар соли 1992 ба Маскав кӯчид ва котиби масъули ҳафтаномаи "Голос", сипас таҳлилгари "Независимая газета" таъйин шуд.

Аз соли 1990 хабарнигор ва аз 1995 корманди Дафтари марказии Радиои Озодист. Амалан ӯ аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ин расона ҳамкорӣ карда ва барои кор ба он даъват шудааст. Дар солҳои 1992—1995 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ буд. Ба ҳайси хабарнигор дар аксари даврҳои гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон (1994—1997) ширкат ва аз ҷараёни онҳо гузориш додааст. Дар ин бора силсилаи шашқисмаи «Фақат ба хотири сулҳ»-ро омода ва дар радио пахш намуд.

Дар соли 1999 силсилаи гузоришҳои вижаро таҳти унвони «Сад ранги сад сол» («Тоҷикон дар қарни бистум»)-ро ки аз 30 бахш иборат буд таҳия ва пахш кард. Соли 2002 матни ин барномаҳо дар шакли китоб ба нашр расид ва дар шаҳри Душанбе муррафӣ шуд. Ин китоб аз тарафи олими намоёни афғон Наҷми Ковиёнӣ ба хатти форсӣ баргардон ва дар Олмон ба нашр расид. Дар силсилаи мазкур муаллиф ба пажӯҳиши таърихи афкори сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикон пардохта, чеҳраҳои боризи миллии садаи 20-и тоҷикон ва рӯйдодҳои сарнавиштсози ҳаёти ин халқро ба тасвир гирифт. Китоби ӯ ва солномаи он, ки ба забони англисӣ аз тарафи олими намоёни эронитабори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эраҷи Баширӣ омода шудааст, дар бархе аз донишгоҳҳои Амрико ба ҳайси таърихи навтарини тоҷикон омӯхта мешавад.

Аз соли 2000 ба ин тараф ӯ ба расонаҳои нав таваҷҷуҳ кард ва нахустин сомонаи интернетии тоҷикиии кириллиро дар Радиои Озодӣ таъсис дод. Дар он вақт ҳуруфи кириллии тоҷикӣ дар низоми Микрософт мавҷуд набуд ва Радиои Озодӣ аввалин бор ҳуруфи кириллии тоҷикии махсуси ин сомонаро ба вуҷуд овард. Торнамои Радиои Озодӣ, ки солҳои тӯлонӣ аз тарафи Салими Аюбзод сарварӣ мешуд, муддатҳои зиёде аз пурхонандатарин расонаҳо нави тоҷикии кириллӣ боқӣ мондааст. Аввалин таҷрибаҳои интерактивиро маҳз ҳамон сомона роҳандозӣ ва дастандаркорони тоҷик ошно сохт.[1]

Яке аз пешгомони ҳаракати блоггерҳо ё блогнависони тоҷик буда, дар таъсиси даҳҳо блог саҳм гирифтааст ва блоги худи ӯ «Нигариш ва кандуков» мавзӯъҳои ҷолиберо матраҳ намуда, аз пурхонандатарин блогҳои тоҷикӣ ба шумор меравад.[2]

Аз соли 2015 ба ин су мудири Бахши хабарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодист. Кори ин бахш ба густариши табодули хабар, аксу видео ва гузоришҳои садоӣ дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, кумак ба истиқлоли иттилоотии ин давлатҳо ва баланд бардоштани сатҳи жанри хабар дар минтақа нигаронида шудааст.

Соли 2017 барои силсилаи мақолаҳояш барандаи Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ гардид.

Моҳи апрели соли 2019 дар ҳоле раҳбари Бахши Тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйин шуд, ки ин расона дар маркази як буҳрони шадид қарор дошт. Онро ба доштани мавзеъгирии нарм нисбати ҳукумати худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон айбдор карда, дар ин замина чандин мақоми аршади радио аз кор барканор гаштанд. Яке аз вазифаҳои асосӣ ин буд, ки расона аз ҳолати буҳронӣ бароварда шавад. Муваффақиятҳои зиёд сабаб гаштанд, ки Бахши Тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар соли 2021 барандаи Ҷоизаи Дейвид Бурк -- баландтарин ҷоизаи нашароти байнулмилалии ИМА шавад. Салими Аюбзод тавонист ин ҷоизаро бо нигоҳ доштани ҳамон ҳайати кормандон дар фурсати кутоҳ ба даст орад ва Радиои Озодиро ба яке аз расонаҳои сатҳи аввали ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ табдил диҳад.

Эҷодиёт

вироиш

Салими Аюбзод муаллифи шаш китоби мустанад ва бадеӣ: «Девор», «Гунги хобдида», «Сад ранги сад сол», «Тоҷикон дар қарни бистум», «Каме латра» ва филмҳои мустанади «Муҳоҷират», «Бозгашти беохир» ва барандаи Ҷоизаи аввали Конфедератсиюни иттифоқҳои журналистии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар соли 1991 аст. Қиссаи ӯ «Каме латра» дар матбуоти Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард ва силсилаи ҳикояҳои ахири ӯ аз сабки нав ва қавитараш паём медиҳад. Намунаҳои осораш ба забонҳои хориҷӣ баргардон ва нашр шудаанд. Аюбзод чанде аз достонҳои кутоҳи Ҷек Лондон, Наҷиб Маҳфуз, Гектор Ҳю Монро (Соқӣ), Вардгес Петросиён, Дурдӣ Байлиев ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.[2]