Салоҳиятдории Маҷлиси миллӣ

Салоҳият - маҷмӯи масъалаҳое, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро ваколатдор мекунад, ки ҳаллу фасли онҳо бевосита ба ин мақомот ва шахсони мансабдор мансуб мебошад.

Салоҳиятдории Маҷлиси миллӣ (Кворум) - он миқдори муайяни иштирокчиёни узви Маҷлиси миллӣ, ки барои баррасӣ намудани масъалаҳои Маҷлиси миллӣ ва мақомоти ба он тааллуқдошта ҳангоми қабули қонун ва қарорҳо зарур мебошад. Масалан, иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ҳамон вақт салоҳиятдор мебошад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ иштирок дошта бошад. Ё ин ки Раиси Маҷлиси миллиро дар иҷлосия бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб карда, ҳангоми бозхонди он аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ талаб карда мешавад. Қонунҳои конститутсионии қабулкардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон қабул шудаанд, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон|Маҷлиси миллӣ]] онҳоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.[1]

Нигаред низ вироиш

Салоҳияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 403