Салоҳияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ

Салоҳияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ - мувофиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ дар бораи Маҷлиси Олӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ кумита ва комиссияҳо салоҳияти зерин доранд:

а) қонунҳо ва дигар санадҳоеро, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, бо супориши Раиси Маҷлиси миллӣ пешакӣ баррасӣ менамоянд;

б) ба қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон ва дигар санадҳо хулоса медиҳанд;

в) назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллиро таъмин менамоянд;

г) ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парлумониро таъмин менамоянд;

д) муовинони раисони кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси миллиро интихоб мекунанд;

е) арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандро баррасӣ менамоянд;

ё) ба санадҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ таклифу пешниҳодҳо менамоянд;

ж) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва Дастури Маҷлиси миллӣ муқаррар намудаанд, амалӣ мегардонанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 403