Салоҳияти Раиси Маҷлиси миллӣ

Салоҳияти Раиси Маҷлиси миллӣ - мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ҳамчун мансабдори мақомоти давлатӣ салоҳияти зеринро дорад:

1) ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват намуда, ба онҳо раисӣ мекунад;

2) иҷлосияи Маҷлиси миллиро даъват мекунад;

3) ба таҳияи масъалаҳое, ки дар иҷлосияҳо баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ мекунад;

4) номзадии муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад;

5) шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, таклифҳо оид ба таъсиси кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллиро пешниҳод менамояд;

6) қонуни қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, барои имзо ва нашр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад;

7) ба қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;

8) Маҷлиси миллиро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;

9) робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллиро ба роҳ мемонад;

10) ба созишномаҳои байнипарлумонӣ имзо мегузорад;

11) ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ менамояд;

12) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, амалӣ мекунад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Салоҳияти Президент

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 406