Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон
Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон - Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҳамчун шахси олимансаби давлатӣ мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ чунин салоҳият дорад:
1) ба таҳияи масъалаҳое, ки дар иҷлосияҳо баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ менамояд;
2) дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он раисӣ мекунад;
3) номзадии муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва номзадии роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
4) қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва нашр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад;
5) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ мефиристад;
6) ба қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои он имзо мегузорад;
7) Маҷлиси намояндагонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
8) ба созишномаҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
9) ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон роҳбарӣ менамояд;
10) ваколатҳои дигареро, ки дар Конститутсия, қонунҳо ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар карда шудааст, амалӣ менамояд. Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ амр медиҳад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 406 - 407