Самариддин Каримов


Самариддин Каримов — доктори илмҳои кимиё(1968) , профессор, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ (1995), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2000), академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1992), академики филиали Академияи муҳандисии байналмилалӣ (ФР, 1994), узви пайвастаи Академия ва пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (2000).

Самариддин Каримов
Фазои илмӣ (физикаи кимиё),олим

Ҳолнома

вироиш

Самариддин Каримов омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1957 бо дипломи аъло хатм менамояд ва ҳамон сол ба шуъбаи физикаи факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Бо дархости роҳбарияти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба шуъбаи математика ва физика ба кор қабул мегардад. Баъдтар ин шуъба ба ду Институти мустақил - Институти физика ва техникаи ба номи С. Умаров ва Институти математика ҷудо мешавад. Соли 1964 бо ташаббуси академик С. Умаров як зумра олимони шинохтаи соҳавии ИҶШС, аз қабили В. М. Глазов, В. Н. Вигдорович, Е. Б. Соколов, А. С. Пашинкин, А. А. Айвазов барои суҳбат, машварат, ҳамкорӣ, тарбияи олимони ҷавон ба Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ташриф овардан С. Каримов соли 1964 ӯ ба аспирантураи кафедраи физикаи кимиёвӣ МИСИС (Институти пӯлод ва хӯлаи Москва) дохил шуд. Соли 1968 рисолаи худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика дифоъ намуд. Ҳамон сол ба Душанбе баргашт ва дар Институти физика ва техникаи Академияи илмҳо ба кор шурӯъ кард. Ӯ соли 1977 аввалин шуда, ба ҳайси ходими калони илмӣ барои ба итмом расонидани рисолаи докторӣ ба Донишкадаи техникаи электронии шаҳри Маскав (МИЭТ) фиристода мешавад. Дар давоми кор ва таҳсил дар докторантура дар 50 симпозиуму конференсияи байналмилалӣ, умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Вай соли 1987 бо ихтисоси "Физикаи химиявӣ" рисолаи докторӣ дифоъ намуд. С. Каримов баъди ҳимояи рисолаи докторӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашт ва дар вазифаҳои гуногун: декани факултаи физика, мудири кафедра кор карда, августи соли 1989 аз нав муовини ректор оид ба таълим, моҳи ноябри соли 1993 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъйин гардид. Моҳи декабри соли 2004 бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректорӣ озод шуда, мудири кафедра ва аз моҳи январи соли 2013 дар вазифаи профессори кафедраи физикаи умумӣ фаъолият дорад.

Осори илмӣ

вироиш

Дар тӯли фаъолияти худ беш аз 600 номгӯйи мақолаҳои илмӣ, монографияҳо, китобҳои таълимӣ ва асарҳои бунёдӣ таълиф намудааст, ки аксари онҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр шудаанд. Қариб 90 дарсади ин асарҳо дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмии Академияи илмҳои ИҶШС, серияҳои "Физикаи ҳароратҳои баланд", "Электроника", "Электронная техника", серияи "Маводҳо", "Физика ва техникаи нимноқилҳо", "Маводҳои ғайриорганикӣ" ва ғайра рӯи чоп омадаанд. Аз соли 1974 то соли 1991 мақолаҳои устод дар маҷаллаҳои илмии ИМА, Англия, Олмон ба забони англисӣ тарҷума ва мунтазам нашр мешаванд. Асарҳои С. Каримов

  • "Полупроводниковые халькогениды таллия", М., Металлургия", 1982, 12 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИТ ИҶШС, барандаи Ҷоизаи мукофоти давлатии ИҶШС, В. М. Глазов);
  • "Введение в физику и химию полупроводников", М., "Высшая школа", 1985, 20 ҷ. ч. (зери таҳрири академики Академияи Беларус Н.Н.Сирота);
  • "Основы физики и химии полупроводников", М., "Просвещение", 1990, 18 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИТ ИҶШС, Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС В. М. Глазов);
  • "Физика и химия сложных алмазоподобных полупроводников", М., "Наука", 19 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИ ИҶШС Я. И. Герасимов);
  • "Физика и химия бинарных полупроводниковых халькогенидов таллия", Душанбе, "Дониш", 1998, 22,5 ҷ.ч. (зери таҳрири Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС, профессор А. С. Пашинкин);
  • "Физика и химия тройных и более сложных алмазоподобных полупроводниковых халькогенидов таллия", Душанбе, "Дониш", 1999, 20,5 ҷ. ч.  ;
  • "Физика и химия полупроводниковых фосфидохалькогенидов таллия", Душанбе, "Дониш", 2001, 20 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИТ ИҶШС, Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС В. М. Глазов);
  • "Основы физики и химии полупроводников", 2 - ое издание, М., Высшая школа", 2003, 23 ҷ.ч. (зери таҳрири барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, академики АИ ИҶШС, А. А. Айвазов);
  • Натиҷаҳои ниҳоии корҳои илмӣ - тадқиқотии муҳимтарини устод дар саҳифаҳои хазинаи тилоӣ - справочникҳо (роҳна- моҳо) - и байналмилалӣ ворид шудаанд: "Образование кристаллов", Библиографический указатель 1945-1968 (Справочник), қисми 1. (зери таҳрири академики АИ ИҶШС А. А. Чернов, М., "Наука", 1970, стр. 111-113, 207-209);
  • "Образование кристаллов", Библиографический указатель 1945-1968 (Справочник), қисми 2. (зери таҳрири академики АИ ИҶШС А. А. Чернов, М., "Наука" , 1977, стр. 209-211);
  • "Физико - химические свойства полупроводниковых сплавов", (Справочник), (зери таҳрири академики АИ ИҶШС А. В. Новоселов, М., "Наука", 1979, стр. 179-183);
  • "Полупроводниковые халькогениды и сплавы на их основе", (Справочник), (зери таҳрири академики АИ ИҶШС Н. Х. Абрикосов, М., "Наука", 1975, стр. 118-126) ва ғайра.

Ҷоизаҳо

вироиш

Меҳнатҳои шоён ва бисёрсолаи академик С. Каримов бо нишони "Аълочии Вазорати мактабҳои олии ИҶШС" (1988), бо медали Вазорати маорифи мактабҳои олии ИҶШС - "Барои корҳои шоён" (1993), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1985), Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2000) буда, бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Медали академия ва пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (Покистон, Карочӣ, 1993), (Иордания, Уммон, 1995), сарфароз гаштааст. [1]

Манобеъ

вироиш
  1. http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=12240 Ҷавонмарде, ки дунё эътирофаш кард