Саодат Аминҷонова
Аминҷонова Саодат Сайфинаджатовна – пизишк, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аминҷонова Саодат Сайфинаджатовна | |
Таърихи таваллуд: | 19 сентябр 1976 (48 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И. Сино дар шаҳри Хуҷанд |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАминҷонова Саодат Сайфинаджатовна 19 сентябри соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1999 Филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И. Сино дар шаҳри Хуҷандро хатм намудааст. Ихтисос: духтури табобатчӣ. Муовини сардухтур оид бакорҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд
- Солҳои 1999-2004-ассисенти кафедраи бемориҳои дарунии Филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. И. Синои дар шаҳри Хуҷанд;
- Солҳои 2004-2011-табиби шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд;
- Солҳои 2011-2014-раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоти Суғд;
- Солҳои 2011-2014-табиби шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд;
- Аз соли 2014- то инҷониб муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникавии № 1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд мебошад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [1] мебошад.
Сарчашма
вироиш- ↑ АМИНҶОНОВА Саодат Сайфинаджатовна(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.