Саодат Амиршоева (Амиршоева Саодат Сангалиевна; тав. 10 ноябри 1953, деҳаи Парнаки ноҳияи Ховалинг) — аввалин генералзани тоҷик, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III (1999). Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ (1999).

Саодат Амиршоева

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978). Нотариуси давлатии Идораи 2-юми нотариалии ш. Душанбе (1972-75), сарнотариуси Идораи 1-уми нотариалии ш. Кӯлоб (1975-85), судяи суди халқии шаҳри Кӯлоб (1987-93), сардори идораи адлияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вил. Хатлон (1993—2008). Аз соли 2008 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

Мукофоту орденҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш