Сардор Ортач

овозхони турк

Сардор Ортач (тур. Serdar Ortaç; тав. 16 феврали соли 1970, Истанбул, Туркия) — сароянда, таронанавис ва оҳангсози турк.

Сардор Ортач
Serdar Ortaç
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 16 феврал 1970(1970-02-16) (54 сол)
Зодгоҳ Истанбул, Туркия
Солҳои фаъолият 1994 — то ҳол
Кишвар  Туркия
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Сабк мусиқии поп ва поп-фолк[d]
Ношир(он) Universal Music Group[d] ва Emre Plak[d]
serdarortac.net
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Сардор Ортач 16 феврали соли 1970 дар Истанбул таваллуд шудааст. Вай мактаби ибтидоиро дар Коҷамустафопошо хатм карда, сипас дар литсейи Суадие маълумоти миёнаи пурра гирифтааст. Сипас ӯ хатмкунандаи литсейи касбии назди кафедраи "Гардишгарӣ" гардид. Ба Донишгоҳи Билкент дар шуъбаи "Фарҳанг ва забони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" қабул карда шудааст. Аммо, ӯ маҷбур шуд, ки таҳсилашро қатъ кунад[1].

Фаъолият вироиш

Аввалин албоми ӯ серхаридортарин албоми соли 1994 буд, ки беш аз 2 миллион нусха фурӯхта шудааст. Ва албоми ӯ Çakra серхаридортарин албом дар соли 2004 гардид.

Сардор мустақилона барои аксари сурудҳояш мусиқӣ эҷод мекунад. Дар маҷмӯъ, ӯ беш аз 150 суруд эҷод кардааст.

Инчунин сурудҳои ӯро дар албомҳои дигар сарояндагон шунидан мумкин аст: Сибел Ҷон, Хулиё Авшар, Муаззиз Абаҷӣ, Серен Серенжил, Алишан, Абру Гундеш ва Гулбен Эрген. Сурудҳои ӯ инчунин ба якчанд забонҳои хориҷӣ: арабӣ, юнонӣ, озарбойҷонӣ, русӣ, қазоқӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.

Ортач 3 сол барномаи телевизионии "Бо Сардор Ортач"-ро намоиш дод. Ин намоиш беҳтарин барномаи соли 2003 гардид.

Моҳи январи соли 2005, Орточ китоби аввалини худро бо номи Bu Buarklar Kimin İçin? ("Ин сурудҳо барои киянд?"), ки шеърҳо, ёддоштҳо ва ҳикояҳои ӯро дар бар мегирад чоп кардааст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Сардор Ортач соли 2014 бо модели ирландӣ Хлое Лоунан издивоҷ кард[2]. Лоуан дар яке аз видеоклипҳои Сардор зоҳир шуд ва дар намоиши маъруфи мӯдҳои туркӣ Bu Tarz Benim довар буд[3]. Онҳо моҳи августи соли 2019 ҷудо шуданд[4].

Беморӣ вироиш

Охири моҳи июни соли 2014 ба сароянда бемории табобатнашаванда - фаромӯшхотирӣ ташхис гузошта шуд. Бо вуҷуди ин, 5 августи ҳамон сол ӯ дар Ҳадрия консерт дод.

Дискография вироиш

Албомҳо вироиш

  1. 1994 — Aşk İçin
  2. 1996 — Yaz Yağmuru
  3. 1997 — Loco Para Amar
  4. 1998 — Gecelerin Adamı
  5. 1999 — Bilsem Ki
  6. 2002 — Okyanus
  7. 2004 — Beni Unut/Çakra
  8. 2006 — Mesafe
  9. 2008 — Nefes
  10. 2010 — Kara Kedi
  11. 2012 — Ray
  12. 2014 — 20. Yil Bana göre aşk
  13. 2015 — Cek Elini Kalbimden(Konus Yuzume 2015)
  14. 2016 — Gıybet
  15. 2017 — Cımbız

Маҷмӯаҳо вироиш

  1. 2001 — Sahibinin Sesi Remix
  2. 2004 — Serdar Ortaç Klasikleri
  3. 2015 — Arşiv (3 CD)

Албомҳои ремиксӣ вироиш

  1. 2007 — Gold Remix
  2. 2009 — Gold Remix 2009
  3. 2011 — Gold Remix 2011
  4. 2015 — Serdar Bizi Diskoya Götür

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш