Саттор Қайюмов - (20.09.1925, д.Ёваи н.Хуҷанд — 2005), муаррих, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1967). Иштирокчии ҶБВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Саттор Қайюмов
Саттор Қайюмов
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1925(1925-09-20)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2005(2005)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор колхози ба номи М.Фрунзеи н.Хуҷанд,ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати в.Суғд
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон, медали тилои ба номи академик А.Вавилов, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1955) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1966). Фаъолияти кориаш аз соли 1992 дар колхози ба номи М.Фрунзеи н.Хуҷанд оғоз ёфтааст. Хидмат дар сафи Артиши Сурх (1942-50), омӯзгори мактаби миёнаи н.Хуҷанд (1955-1960). Аз соли 1960 то соли 1963 дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ дар дастгоҳи кумитаҳои шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Сармуаллим, дотсенти кафедраи коммунизми илмии ДДОЛ (1966-1967), мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон (1966-1973), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1973-1986), раиси ҷамъияти «Дониш»-и в.Ленинобод (1973-87), раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Хуҷанд (1986-1997), раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати в.Суғд (1997-2006). Муаллифи бештар аз 200 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои таърихи иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳои Шарқ. Вакили Шӯрои шаҳрӣ (1968-1971) ва Шӯрои вилоятӣ (1971-1987).

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»  , медалҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон, медали тилои ба номи академик А.Вавилов мукофотонида шудааст. Шаҳрванди фахрии Хуҷанд..[1]

Адабиёт

вироиш
  • А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.