Сафиувло Ҳабибов
Сафиувло Ҳабибов (10.11.1941, деҳаи Урметани н. Айнӣ) — доктори илми иқтисодӣ (1989), профессор (1993), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997).
Таърихи таваллуд | 10 ноябр 1941 (83 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС |
Зиндагинома
вироишФакултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1964 ба итмом расонда, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти савдо (1964—1987), дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ (1987—1990) кор кардааст. Солҳои 1990—1993 муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодии назди Президенти Тоҷикистон, 1993—2002 мудири кафедраи иқтисоду ташкили соҳибкорӣ ва декани факултаи иқтисоду менеҷмент, 2002—2011 ноиби ректор оид ба муносиботи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2011—2012 мудири кафедраи иқтисоди ҳамин донишгоҳ буд. Аз соли 2012 профессори кафедраи мазкур мебошад. Оид ба масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, соҳибкории хурду миёна, ислоҳоти иқтисодӣ, проблемаҳои назариявӣ ва амалии натоиҷи фаъолияти молиявии корхонаю ташкилот, стратегияи инкишофи босуръат ва шиддатафзоии тараққиёти тиҷорати ҷумҳурӣ ва ғайра беш аз 150 асару мақола навиштааст. Саҳмаш дар таҳқиқ ва ҷорӣ намудани низоми кредити кории ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ калон аст.
Осор
вироиш- Тематика лекций и научно-теоретических конференций по вопросам экономики. — Д., 1977;
- Торговые скидки, издержки обращения и рентабельность торговли. Учебное пособие. — Д., 1982;
- Сфера услуг на современном этапе. — Д., 1984; Торговля в перестройке. — Д., 1988;
- Интенсификация развития торговля в перестройке. — Д., 1989;
- Тиҷорат дар замони бозсозӣ. — Д., 1989;
- Шиддатафзоии инкишофи тиҷорат. — Д., 1989;
- Иқтисодиёти бозорӣ. Китоби дарсӣ. — Д., 1994 (ҳаммуаллиф);
- Массовое питание. Учебно-методическое пособие. — Д., 1997 (соавтор);
- Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ-тоҷикӣ). — Д., 2000 (ҳаммуаллиф);
- Иқтисоди корхонаҳои хурд. — Д., 2001;
- Бозори истеъмолии Тоҷикистон. — Д., 2003 (ҳаммуаллиф);
- Менеҷмент. Китоби дарсӣ. — Д., 2003 (ҳаммуаллиф);
- Бозор ва соҳибкорӣ: фаъолияти машваратӣ. — Д., 2004;
- Масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии савдои чакана. — Д., 2004;
- Проблемы повыщения эффективности розничной торговли. — Д., 2004 (соавтор);
- Соҳибкории хурд. — Д., 2006; Тиҷорати байналхалқӣ. Қитоби дарсӣ. — Д., 2007 (ҳаммуаллиф).
Адабиёт
вироиш- Илмат ба амал чу ёр гардад… — Д., 2001.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — 728 с.