Саъдуддини Ҳамуя ё Ҳамавӣ (форсӣ: سعدالدین حمویه یا حموی‎; на пештар аз 1191 и на дертар аз 1199на пештар аз 1252 и на дертар аз 1260) — ориф, сӯфӣ, шоир ва нависандаи форс-тоҷик, аз шогирдони биловоситаи Наҷмуддини Кубро.

Саъдуддини Ҳамавӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шоир, нависанда
Таърихи таваллуд: на пештар аз 1191 и на дертар аз 1199
Таърихи даргузашт: на пештар аз 1252 и на дертар аз 1260
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: тасаввуф
Устодон: Наҷмуддини Кубро
Шогирдон: Азизуддин Насафӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Давраи ҷавониаш дар Ҷувайни Хуросон гузаштааст. Саъдуддини Ҳамуя барои такмили сулуки худ муддатеро дар ҷабали Қосиун (Димишқ) гузаронд ва сипас дар Баҳрободи Хуросон дар дашти Ҷувайн дар маҳалли таваллуди хеш иқомат гузид.

Таълифот

вироиш

Аз осори ӯ китоби «Латоифу-т-тавҳид фӣ ғароиби-т-тафрид», «Алмисбоҳ фӣ-т-тасаввуф», «Биҳору-л-ғариб» асарҳои тасаввуфии Саъдуддини Ҳамавӣ мебошанд. Рисолаи «Улуму-у-ҳақоиқ ва ҳукми-д-дақоиқ» ба назарияи маърифати тасаввуф оид аст.

Мувофиқи маълумоти муҳаққиқи эрони Қосим Ғанӣ дар «Таърихи тасаввуф» Саъдуддини Ҳамавӣ маърифати инсониро ба маърифати ақлӣ ва тасаввуфӣ ҷудо намуда, эълом дошт, ки маърифати ақлӣ ба воситаи истидлол ва маърифати тасаввуфӣ тавассути кашфу шуҳуд амал мепазиранд.

Адабиёт

вироиш