Наҷмуддини Кубро

Наҷмуддини Кубро (ар. نجم الدين الكبرى‎; 1145, Хоразм — 1221, Урганҷ) — мутафаккири мутасаввифи форс-тоҷик.

Наҷмуддини Кубро
араб. ар. أحمد بن عمر بن محمّد الخوافي الخيوقي الخوارزمي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, муҳаддис, файласуф
Таърихи таваллуд: 1145[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 июл 1221
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: фалсафа
Устодон: Рӯзбеҳони Мисрӣ
Шогирдон: Наҷмуддини Розӣ, Баҳоуддин Валад, Сайфуддини Бохарзӣ, Разиюддин Алӣ Лоло, Маҷдуддини Бағдодӣ ва Саъдуддини Ҳамавӣ

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Commons-logo.svg Викианбор  
Wikidata-logo S.svg Вироиши Викидода

ЗиндагиномаВироиш

Наҷмуддини Кубро дар овони ҷавонӣ ба Миср рафта, муддати зиёде дар тарбияи шайх Рӯзбехони Мисрӣ буда, баъд ба Табрез баргашта, илми шарҳи суннаро аз имом Абумансур меомӯзад. Дар омӯзиши илмҳои шаръӣ конеъ нагашта рӯ ба тасаввуф меова- рад ва хидмати ду-се шайхи замонашро адо карда, боз ба Миср бармегардад. Наҷмуддини Кубро бо фармоиши шайх Рӯзбеҳон бо аҳли байташ бо Хоразм баргашта, фирқаи нав — Кубравияро таъсис мекунад.

Ҳангоми истилои муғул дар муҳорибаи Хоразм кушта шудааст.

ОсорВироиш

Аз осори гуногунмавзӯи Наҷмуддини Кубро, ки масъалаҳои мухталифи динӣ, фалсафӣ ва тасаввуфро дар бар мегиранд. Асарҳои зерро номбар кардан мумкин аст: «Фӣ одоби соликин» («Дар одоби соликон»), «Рисолату-л-хоиф-ул-ҳоим ан лавматил-лоим» («Рисолаи тарсандаи ово­ра дар бораи маломати маломаткунанда»), «Фавотеҳу-л-ҷамол» («Фатҳкунандаи зебоӣ»), «Рубоиёти сӯфиёна» ва ғайра Наҷмуддини Розӣ, Саъдуддини Ҳамавӣ, Маҷдуддини Бағдодӣ, Баҳоуддини Валад, Сайфуддини Бохарзӣ ва дигарон аз ҷумлаи шогирдони Наҷмуддини Кубро мебошанд.

ЭзоҳВироиш

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. Babelio (фр.) — 2007.

АдабиётВироиш