Саъдулло Азизбоев
Саъдулло Азизбоев (1932, деҳаи Лакати ноҳияи Истаравшан – 1998, ҳамон ҷо) — сароянда (тенори лирикӣ) ва режиссёри тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963).
Саъдулло Азизбоев | |
Таърихи таваллуд | 1932 |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1998 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Истаравшан |
Солҳои фаъолият | 1995 - 1997 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сароянда, коргардон |
Ҷоизаҳо | {| style="background:transparent" | |
Зиндагинома
вироишСаъдулло Азизбоев хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа (1953). Фаъолияти ҳунарияш дар дастаи ҳаваскорони санъати омӯзишгоҳ оғоз ёфтааст. Як муддат муаллим ва роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи деҳаи Лакат (1955-1959), роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорон (1959-1962) ва директори Хонаи маданияти ш. Ӯротеппа (1902-1966), артисти Театри драмаи мусиқии ноҳияи Нов (1966-1967) буд. Аз соли 1967 директори Хонаи маданият ва режиссёри Театри халқии ш. Ӯротеппа.
Азизбоев чун сарояндаи хушсадо махсусан дар иҷрои сурудҳои классикӣ маҳорати калон зоҳир намудааст. Сурудҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Содирхон», «Ироқ», «Дугоҳ» ва ғ. аз беҳтарин оҳангҳои иҷрокардаи ӯянд. Азизбоев инчунин дар саҳнаи театри халқии Уротеппа зиёда аз 20 пиесаҳои хурду калон («Зафар»-и Р. Ҳайдаров, «Орзу»-и М.Назаров, «Супориши ЧК» ва «Дилшод»-и А. Сидқӣ, «Лаҳзаи ҷовид»-и М. Бахтӣ, «Сияҳсавор»-и Б. Раҳимзода ва ғайра)-ро таҳия намудааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Дорандаи ҷоизаҳои фестивалҳои умумииттифоқии ҳаваскорони санъат (1975, 1977).
- Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.