Светлана Яъқубовна Балхова (Мухторова) (21.09.1946, Душанбе) — доктори илми филологӣ (1992), профессор (1996).

Светлана Балхова
Светлана Яъқубовна Балхова (Мухторова)
Таърихи таваллуд 21 сентябр 1946(1946-09-21) (78 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДО ба номи Т.Г. Шевченко, Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДО ба номи Т.Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Светлана Яъқубовна Балхова шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии ДДО ба номи Т.Г. Шевченкоро соли 1969 хатм карда, дар ҳамин ҷо ба фаъолият шурӯъ намуд, минбаъд вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраҳои типологияи муқоисавӣ ва лексикаи забони англисӣ, фонетика ва лексикаи забони англисиро адо кардааст. Солҳои 1996-2004 ноиби ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ, 2005-2011 профессори кафедраи забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода буд. Аз соли 2011 профессори кафедраи забоншиносии филиали Университети давлатии Маскав дар Душанбе мебошад. Ба омӯзиши муқоисавии забонҳои тоҷикию англисӣ шуғл варзида, сари он беш аз ҳафтод таълифот дар нашрияҳои соҳавии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он чоп кардааст. Бо омӯзиши адабиёти Амрико низ таваҷҷуҳ намудааст.

Сравнительно-сопоставительный анализнеопределенного артикля «ан (а)» в английском языке и морфемы «-е» в таджикском языке. – Ленинград, 1980;Таджикские эквиваленты английского артикля. – Д., 1981; Очеркҳо оид ба типологияи забони англисӣ ва тоҷикӣ. – Д., 1984 (ҳаммуаллиф); Краткий конспект лекции по амерканской литературе. – Д., 1987; Конспекти мухтасари адабиёти Америка. Васоити таълим Д., 1987; Очеркҳо оид ба типологияи муқии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. – Д., 1988 (ҳаммуаллиф); Типология полпредикативности. Лингвистические исследования. – М., 1989; Очерки по сравнительной типологии англиского и таджикского языков. – Д., 1989; Типология сложной предикативности на материале современного литературного таджикского и англиского языков. – Д., 1990; Очеркҳо оид ба типологияи муқосавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. – Д., 1990 (ҳаммуаллиф); Типология полипредикативности: Дисс…доктора филол. наук. – Санкт-Петербург, 1991; Типология сложной предикативности. – Д., 1991; Типологическое исследвание простого предложения (на материале английского и таджикского языков). – Д., 1991.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш