Селезнев Геннадий Сергеевич
Селезнев Геннадий Сергеевич (тав. 1936) - олим, доктори илмҳои техникӣ (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1986).[1]
Селезнев Геннадий Сергеевич | |
Таърихи таваллуд | 1936 |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишГеннадий Сергеевич Селезнев Институти политехникии ба номи С.М.Кирови Уралро хатм кардааст (1959)., ихтисос – «сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: масъалаҳои ба зилзила тобоварии сарбандҳои хокӣ, аз ҷумла сарбандҳои баланд. Мудири озмоишгоҳи ба зилзила тобовари иншооти гидротехникии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ (1963-1995), и.в. раиси Шуъбаи илмҳо оид ба Замин (1994-1995).
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- «Барои меҳнати шоиста»,
- «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶШС Тоҷикистон (1986).
- Дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ИҶШС дар соҳаи сохтмон (1984).
Манобеъ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |