Сергей Бондарчук

Сергей Федорович Бондарчук (25.09.1920, ш. Киев — 20.10.1994. ш. Маскав) — киноактёр ва коргардон, Артисти халқии СССР (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Соли 1948 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар «Мосфилм» кор кардааст, дар қариб ҳамаи филмҳо — «Қисмати одам», «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд», «Тарас Шевченко», «Серёжа», «Амаки Ваня», «Падар Сергий», «Отелло», «Ғурмагас», «Гвардияи ҷавон» ва ғайра образҳои асосӣ офарида, филмҳои зиёд таҳия намудааст. Аз соли 1971 дар Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав дарс медод. Солҳои 1971—1975 роҳбари студияи актёрии тоҷик буд ва дар тарбияи ҳунарпешагони ҷавонон саҳм гузошт. Миёни хатмкунандагони ин студия Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон З. Иброҳимова, А.Раҳматуллоев, С.Сабзалиева, Т.Саидова, Ю.Юсуфов ва дигарон ҳастанд. Дар кинофилми тоҷикии «Ҳодиса дар фурудгоҳ» (иборат аз се қисм, соли 1987) яке аз нақшҳои марказиро бозидааст.[5]

Сергей Бондарчук
Sergei Bondarchuk, Sarajevo, 29. november 1969. Movie premier Battle of Neretva by Stevan Kragujevic.JPG
Таърихи таваллуд: 25 сентябр 1920(1920-09-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 20 октябр 1994(1994-10-20)[1][2][3][…] (74 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис, ҳунарпешаи синамо, омӯзгори театр, коргардон
Корнома: 19481994
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0094083
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 filmportal.de — 2005.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  4. Deutsche Nationalbibliothek, Staatsbibliothek zu Berlin, Bayerische Staatsbibliothek, Österreichische Nationalbibliothek Record #118661361 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  5. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — 396 с. ISBN 978-99947-919-4-1.