Серҷиу Матарелла ( итол. Sergio Mattarella ;  23 июл 1941, Палермо, Сицилия ) - ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори итолиёвӣ . 3 феврали соли 2015 вай президенти Италия интихоб шуд.

Серҷиу Матарелла
итол. Sergio Mattarella
аз 3 феврал 2015
Пешгузашта Ҷорҷиу Нопулитану
Таваллуд 23 июл 1941(1941-07-23)[1][2][3][…] (83 сол)
Ном ҳангоми таваллуд итол. Sergio Mattarella
Падар Bernardo Mattarella[d]
Модар Maria Buccellato[d]
Ҳамсар Marisa Chiazzese[d]
Фарзандон Bernardo Giorgio Mattarella[d] ва Laura Mattarella[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат ва ҳуқуқ
Эътиқод Roman Catholic[d] ва котулисизм[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ quirinale.it/page/biogra…
Навъи артиш Italian Armed Forces[d]
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Зиндагинома

вироиш

Матарелла факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ла Сапиенза дар Румро хатм карда, баъдтар дар Донишгоҳи Палермо аз фанни ҳуқуқ дарс додааст. Вай фаъолияти сиёсии худро дар Ҳизби Христианҳои демократ оғоз кардааст. Соли 1983 бори нахуст ба вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Аз соли 1987 то соли 1989 дар ҳукуматҳои Ҷованни Гориа ва Чириако Де Мита вазири робита бо парлумон буд. Дар давоми як сол дар ҳукумати Ҷулиу Андреоттӣ Вазорати маорифро сарварӣ кард. Аз соли 1990 то соли 1992 муовини котиби Шӯрои миллии Ҳизби Христианҳои демократ ва баъдан дар соли 1994 роҳбарии маҷаллаи ҳизбии « Ил Пополо »-ро ба ӯҳда дошт.

Баъди пароканда шудани Ҳизби Христианҳои демократ ба сафи Ҳизби халқӣ дохил шуд. Дар моҳи октябри соли 1998 ӯ ба Шӯрои вазирон (бо роҳбарии Массиму Д'Алема ) ба ҳайси муовини сарвазир баргашт. Моҳи декабри соли 1999 дар ҳамин ҳукумат вазири дифоъ шуд. Матарелла низ дар ҳукумати Ҷулиану Амату (то июни соли 2001) ин вазифаро ишғол мекард.

Вай ба ҳизби "Маргаритка: Демократия — озодӣ аст" ва соли 2007 ба Ҳизби демократӣ пайваст. 5 октябри соли 2011 парлумон ӯро судяи Суди конститутсионӣ таъин кард.

Мукофотҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш