Ҷованни Гориа
итол. Giovanni Goria
28 июл 1987 — 13 апрел 1988
Пешгузашта Аминторе Фанфанӣ
Ҷонишин Чириаку Де Мита
13 апрел 1991 — 28 июн 1992
Пешгузашта Vito Saccomandi[d]
Ҷонишин Giovanni Angelo Fontana[d]
28 июн 1992 — 21 феврал 1993
28 июл 1987 — 12 апрел 1988
17 апрел 1987 — 27 июл 1987
17 апрел 1987 — 27 июл 1987
1 декабр 1982 — 3 август 1983
4 август 1983 — 31 июл 1986
1 август 1986 — 16 апрел 1987
25 июл 1989 — 13 апрел 1991
2 июл 1976 — 19 июн 1979
16 июн 1979 — 11 июл 1983
8 июл 1983 — 1 июл 1987
29 июн 1987 — 22 апрел 1992
22 апрел 1992 — 29 июл 1992
Таваллуд 30 июл 1943(1943-07-30)[1][2][3]
Даргузашт 21 май 1994(1994-05-21)[1][2][3] (50 сол)
Ном ҳангоми таваллуд итол. Giovanni Goria
Ҳизб
Таҳсилот
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Ҷованни Ҷузеппе Гориа ( итол. Giovanni Giuseppe Goria; 30 июли 1943, Асти – 21 майи 1994, Асти) – арбоби сиёсӣ ва давлатӣ, сарвазири Итолиё аз 28 июли 1987 то 13 апрели 1988. Аз соли 1960 аъзои Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё.

Зиндагинома

вироиш

Вай бори нахуст соли 1976 ба палатаи депутатҳо интихоб шуд ва баъд роҳи ӯ ба сиёсати калон оғоз ёфт. Аз соли 1981 то соли 1982 муовини вазири хазинадорӣ буд. Солҳои 1982—1987 — вазири хазинадорӣ. Вай дар байни интихобкунандагони итолиёвӣ бо услуби ором ва маҳорати худ ҳангоми баромадҳои телевизионӣ маъруфият пайдо кард. Ӯ намояндаи "маркази чап" дар Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё ва шарики Алдо Моро ҳисобида мешуд.

Моҳи июли соли 1987 ӯ кабинети вазирони худро ташкил ва сарварӣ мекард, аммо дар ҳукумат як сол ҳам кор накард. Пас аз истеъфо аз мақоми сарвазир, ӯ соли 1989 вакили парлумони Аврупо интихоб шуд.

Вай дар Девони Ҷулиу Андреоттӣ вазири кишоварзӣ буд (1991-1992). Дар соли 1992, ӯ вазифаи вазири молияро дар Девони Ҷулиану Амату гирифт. Дар соли 1993 моҷарои бузурги фасод ба вуқӯъ пайваст, ки дар он бисёре аз шахсиятҳои муҳими Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё ширкат доштанд ва Гориа маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.

Ҳатто пеш аз анҷоми тафтишот, 21 майи соли 1994, ӯ дар зодгоҳаш Асти даргузашт.

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  3. 3.0 3.1 Munzinger Personen (нем.)
  4. 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #170037509 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.