Симурғ
Симурғ (авестоӣ: «mərəγō saēnō» — «мурғе ки бар фарози дарахт ё кӯҳ ошён дорад», «баландошён»[1]; порсии миёна: «Sēnmurw», порсии дарӣ: «سیمرغ» — паррандаест афсонаӣ дар асотири бостонии Эронзамин.
Симурғ дар асотир
вироишСимурғ дар устураҳо шоҳинест бузургтан ки бар фарози Дарахти Виспобиш ё кӯҳи Албурз ошён дорад ва донову хирадманду огоҳ аз розҳои ниҳон аст.
Бино бар «Авесто» ва осори зардуштӣ, Симурғ паррандаест фарохбол ки бар дарахти дармонбахши "Виспобиш" ё "Ҳарвисп тухмак" ошён дорад ва ин дарахт дар дарёи Варукаша ё Фарохкарт мерӯяду тухмаи ҳама гиёҳонро дар бар дорад. Ҳар гоҳ ки Симурғ бар ошёнаш фуруд ояд ва ё аз он парвоз кунад, аз ин дарахт тухмҳоро мерезонад ва боду борон онро ҳама ҷо мебаранд.
Аммо аз миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод бархе аз эрониён Симурғро ҷонваре пиндоштанд, ки шерсару шерпанҷа, шоҳинбадан, товусдум ва пистондор аст.
Симурғ дар Шоҳнома
вироишСимурғ дар боварҳои ариёҳо дорои хешкории вижае буд ки он пуштибонӣ аз паҳлавонон ва бавижа мардумон буд. Ин хешкории Симурғро Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бисёр барҷаста ва Симурғро фариштаи нигаҳбони паҳлавонон Сому Золу Рустам намудааст. Пажуҳандагон бар ин боваранд, ки достонҳое, ки дар «Шоҳнома» дар бораи Рустаму хонадонаш суруда шудаанд, решаи сакоӣ (сарматӣ-алонӣ) ва суғдӣ доранд[2]. Аз ин хешкорӣ буда ки Симурғро бар ҷангафзору сипару камону хафтон менигоштаанд. Сенмурв ё Cимурғ намоди дудмони Сосониён буд.
Симурғ дар фарҳангу адаби исломии Эронзамин, аз ҷумла ҳамосаҳои паҳлавонӣ ва осори ирфонӣ, низ нақши муҳимме дорад. Ин парранда дар Шоҳнома ду чеҳраи мутафовит дорад: яке яздонӣ (дар достони Зол) ва дигаре аҳриманӣ (дар достони Исфандиёр).
Афзун бар «Шоҳнома», Симурғ дар дигар осор, аз ҷумла адабиёти ирфонӣ, низ нақши муҳимме дорад. Симурғ дар «Мантиқ ут-тайр», асари ирфонии Фаридуддин Аттор, подшоҳи мурғон ва намоде аз Худованд аст.
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Encyclopædia Iranica | Articles. 6 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Декабри 2010.
- ↑ Васильев М.А. Особенности формирования и развития восточнославянского язычества. 6 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 Январ 2009.