Сипандии Самарқандӣ

(Тағйири масир аз Сипандӣ Самарқандӣ)

Мулло Абдулкарим Сипандии Самарқандӣ (1245/1829 — 1327/1909) — шоири дузабона.

Сипандии Самарқандӣ
форсӣ: سپندی سمرقندی
Таърихи таваллуд: 1829
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1909
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ

Зиндагинома вироиш

Сипандии Самарқандӣ дар Самарканд умр ба сар бурдааст. Эҷодиёташ аз ғазал, мухаммас, қитъа, рубои, қитъаҳои таърих иборат аст, ки аксаран бо забони тоҷики буда, дар девон бетартибона ҷой дода шудааст. Ба ғайр аз ин, Сипандӣ аз худ «Ҳачви кали Иброҳим»-ро боқӣ гузоштааст.

Намунаҳо аз осори Сипандӣ вироиш

Шаб, ки он дилбар маро бо хештан дамсоз кард,
Чашми шухи ӯ ба андози ниёзам ноз кард.
Богбони ҳусн сарви комати нози туро,
Дар миёни навнихолони чаман мумтоз кард.
Дар харими базми васлат рухсати наззора нест,
Гар ба руйи меҳр натвон чашми хайрат боз кард.
Аз шикасти согари дил нолае омад ба гуш,
Чинии Фагфур хам натвонад ин овоз кард.
Дар дами пирӣ хам аз чаври фалак гофил мабош,
Боз дар анчом созад он чи дар оғоз кард.
Бахри ӯ худро Сипанди сухтам чандон, ки чарх,
Сад ҳазор оина аз хокистарам пардоз кард.
Имшаб шакаре гар аз лабат нӯш кунам,
Дар ишқи ту кай панди кассе гӯш кунам,
Ғайри ту агар парист, аз хотири ту,
Бошад, ки зи хотирам фаромӯш кунам.

Эзоҳ вироиш