Сироҷиддин Зуҳуриддинов

меъмор, Меъмори фахрии Тоҷикистон (2018), дорандаи Ордени Шараф (2004), узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон

Сироҷиддин Зуҳуриддиновмеъмор, Меъмори фахрии Тоҷикистон (2018), дорандаи Ордени Шараф (2004), узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов
Сироҷиддин Зуҳуриддинов
Иттилооти асосӣ
Мамлакат  Тоҷикистон
Таърихи таваллуд 24 феврал 1952(1952-02-24)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 28 июл 2021(2021-07-28) (69 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кор ва дастовардҳо
Ҷоизаҳо Ордени Шараф (2004)
Унвонҳо Меъмори фахрии Тоҷикистон (2018)

Зиндагинома

вироиш

Сироҷиддин Зуҳуриддинов 24.02.1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар идораи "Душанбегипрогор" солҳои 1974-19965 ба ҳайси меъмор, сармеъмори лоиҳа ва директори институт кор кардааст. Солҳои 1995-1997 сардори ГлавАПУ-и ҳукумати ш. Душанбе ва сипас ҳамчун Сармеъмори ш. Душанбе фаъолият бурдааст Аз соли 2015 ӯ ба ҳайси Директори устохонаи Илмӣ-истеҳсолии "Академия меъморӣ ва сохтмонии ҶТ" кор мекард. Сироҷиддин Зуҳуриддинов 28.07.2021 аз олам гузаштааст.

Эҷодиёт

вироиш

Аз ҷумлаи лоиҳаҳои муаллифии меъмор С.Зухуритдинов Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони "Истиқлол" дар Душанбе, хонаи истироҳати Пугус дар ноҳияи Варзоб, марказҳои савдои Меҳргон ва Пойтахт, биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Айнӣ, Бофанда, Бухоро ва У.Хайем, толори қабули ҳайатҳои ҳукуматӣ, толори VIP фурудгоҳи Душанбе, мадраса барои 1500 нафар дар Душанбе ва бисёр иншооти дигар.[1].

Ҷоиза ыа мукофот

вироиш
  1. Скончался архитектор Сироджиддин Зухуритдинов.(тоҷ.). www.facebook.com/asiaplustj. 28 июни 2020 санҷида шуд.