Сифати нисбӣ
Сифатҳои нисбӣ аломат,хосият ва чигунагии ашёву ҳодисаҳоро аз рӯйи муносибати ба ашёе ё ҳодисае доштаи онҳо мефаҳмонанд.Ин муносибат ҳар хел мешавад: нисбат ба шахс (меҳри модарӣ, саломи дӯстона, либоси бачагона); ашёҳои ғайришахс (боғи наздимактабӣ, донишгоҳи давлатӣ, аспи зотӣ); замон (шамоли субҳдамӣ, ғамхории доимӣ, гандуми тирамоҳӣ); макон (духтари дарвозӣ, пудинаи боғӣ, гӯсфанди ҳисорӣ); таъинот (боғчаи бачагона, ёрии тиббӣ, флоти ҳавоӣ);воситаи иҷро (меҳнати дастӣ, оташдони газӣ, осиёи барқӣ), сохта шудани ашё аз чизе (гулдони булӯрин, бинои хиштин, девори тахтагӣ); нисбат ба мафҳуми маънӣ (кори илмӣ, ҳаёти ҳизбӣ). Хусусияти фарқкунанлаи сифати нисбӣ аз сифати аслӣ ин аст, ки дараҷа надорад ва аз он исмҳои маънию зарф сохта намешавад.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.- Душанбе: Дониш, 1985.- с.133