Собир Мирзоев
Собир Мирзоев (03.10.1930, деҳаи Арғун н. Истаравшан – 1999, шаҳри Душанбе) — олим, доктори илмҳои филологӣ (1994), профессор (1997).
Собир Мирзоев | |
Таърихи таваллуд | 3 октябр 1930 |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1999 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишСоли 1954 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар радиои тоҷик ба сифати хабарнигори бахши хориҷӣ кор кардааст. Солҳои 1960-1964 дар аспирантураи Институти шарқшиносии АИ СССР (ш. Маскав) хонда, фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) гузаштааст, зинаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи адабиёти тоҷикро тай сохтааст, солҳои 1975-1997 мудири ҳамин кафедра буд. Солҳои 1981-1985 дар Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) дарс додааст.
Оид ба адабиёти маорифпарварии Афғонистон дар марҳалаи аввал (оғози асри XX), фаъолияти адабӣ – маърифатии намояндаи машҳури ҷараён Маҳмуди Тарзӣ ва дигар масоили марбута зиёда аз ҳаштод таълифоти илмӣ, илмӣ-оммавӣ ба хидмат овардааст.
Осор
вироиш- Фаъолияти адабӣ ва маорифпарварии Маҳмуди Тарзӣ дар рӯзномаи ӯ «Сироҷ-ул-ахбор» (1911-1919). – Д., 1964;
- Литературно-просветительская деятель-ность Махмуда Тарзи и его газета «Сирадж-ул-ахбар» (1911-1919). – Д., 1973;
- Ранний этап просветительской литературы в Афганистане (первая треть XX в.): Дисс… доктора филол. наук. – Д., 1994;
- Марҳалаи аввали адабиёти маорифпарварӣ дар Афғонистон. – Д., 1994.[1]
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 345.