Содиқ Нуруллоев – сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (2011), мудири кафедраи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

Содиқ Нуруллоев
Таърихи таваллуд 5 июн 1961(1961-06-05) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Масчоҳ
Пеша(ҳо) сароянда

Зиндагинома

вироиш

омӯзишгоҳи мусиқии ш.Хуҷанд ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро (1991) хатм карда аз соли 1991 овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аст.

Эҷодиёт

вироиш

Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд дошта дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои (образ) ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Дар 40 спектаклҳои операвӣ нақш оваридааст. Бо консертҳои хеш баромад доимо баромад мекунад.

Мукофот

вироиш
  • Ҷоизаи озмуни байналмилалии сарояндагон дар ш.Шимкент, Қазоқистон,
  • медали “Барои меҳнати шоиста”,
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон,
  • Ифтихорномаҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.
  • [1]

Пайвандҳо

вироиш